Тоҷикистон номзадии худро ба Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ кард

Asia-Plus

Тоҷикистон номзадии худро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кард. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар кард.

“Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуда, умедвор аст, ки дар соли 2028 ба ин мақом соҳиб мешавад”, – изҳор дошт Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, давлатҳои хурд барои саҳм гузоштан ба дастгирии сулҳу амният бояд имкони бештар дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, дипломат саҳми чандинсола ва иштироки ҷумҳурӣ дар фаъолияти СММ, инчунин аз таҷрибаи нодири сулҳофарӣ бархӯрдор будани Тоҷикистонро зикр кард.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ташаббус аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви Созмон дастгирӣ мешавад.

Русия, Чин, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд. Ба сафи кишварҳои ғайридоимӣ, ки ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд, даҳ кишвар – Албания, Бразилия,  Габон, Гана, Ҳиндустон, Ирландия, Кения, Мексика, Норвегия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд.

Давлате, ки узви СММ буда, лекин узви Шӯрои амнияти Созмон нест, метавонад дар мубоҳисаҳое, ки Шӯрои амният ба манфиатҳои он дахл доштани масоилро дуруст медонад, бидуни ҳаққи овоз иштирок кунад.

Ҳам кишварҳои узви СММ ва ҳам давлатҳое, ки субъекти он шуморида намешаванд, агар тарафи баҳси аз ҷониби Шӯрои баррасимешуда бошанд,  бидуни ҳаққи овоз ба иштирок дар мубоҳисаҳои Шӯро даъват шуда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки 50 давлати узви Созмон ҳеҷ гоҳ узви Шӯро набуданд.

Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ҳамчун кишвари нави соҳибистиқлол ба узвияти СММ пазируфта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...