Тоҷикистон номзадии худро ба Шӯрои амнияти СММ пешбарӣ кард

Тоҷикистон номзадии худро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кард. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар кард. “Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуда, умедвор аст, ки дар соли 2028 […]

Тоҷикистон номзадии худро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кард. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар кард.

“Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуда, умедвор аст, ки дар соли 2028 ба ин мақом соҳиб мешавад”, – изҳор дошт Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, давлатҳои хурд барои саҳм гузоштан ба дастгирии сулҳу амният бояд имкони бештар дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, дипломат саҳми чандинсола ва иштироки ҷумҳурӣ дар фаъолияти СММ, инчунин аз таҷрибаи нодири сулҳофарӣ бархӯрдор будани Тоҷикистонро зикр кард.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ташаббус аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви Созмон дастгирӣ мешавад.

Русия, Чин, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд. Ба сафи кишварҳои ғайридоимӣ, ки ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд, даҳ кишвар – Албания, Бразилия,  Габон, Гана, Ҳиндустон, Ирландия, Кения, Мексика, Норвегия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд.

Давлате, ки узви СММ буда, лекин узви Шӯрои амнияти Созмон нест, метавонад дар мубоҳисаҳое, ки Шӯрои амният ба манфиатҳои он дахл доштани масоилро дуруст медонад, бидуни ҳаққи овоз иштирок кунад.

Ҳам кишварҳои узви СММ ва ҳам давлатҳое, ки субъекти он шуморида намешаванд, агар тарафи баҳси аз ҷониби Шӯрои баррасимешуда бошанд,  бидуни ҳаққи овоз ба иштирок дар мубоҳисаҳои Шӯро даъват шуда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки 50 давлати узви Созмон ҳеҷ гоҳ узви Шӯро набуданд.

Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ҳамчун кишвари нави соҳибистиқлол ба узвияти СММ пазируфта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.