50 000 сомонӣ барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи маҳбуси фирорӣ

Date:

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кардааст. Дар ин бора аз сарраёсати мазкур ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.

“Барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти ин маҳбуси фирорӣ мусоидат намояд, воқеан дар ҳаҷми 50 000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ пешниҳод шудааст”, – гуфт манбаъи “Азия-Плюс”.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимои акси Аҳмадбек Саидов гардиш мехӯрад, ки дар поёни он эълони пардохти 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ барои ироаи маълумот ва рақамҳои телефон гузошта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аҳмадбек Саидов, маҳбусе, ки шаби 18 ба 19-уми августи соли равон аз боздоштгоҳи №1-и Душанбе фирор кардааст, 35 сол дорад ва то ҳол дастгир нашудааст.

Дар хусуси ҷузъиёти фирори Аҳмадбек Саидов маълумоти муфассал дастрас нест ва аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ касе ҳозир нашуд, ки шароити фирори ин маҳбусро шарҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтшуда, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе бо номи Идибек Муҳтоҷов, ба иттиҳоми даст доштан дар фирори маҳбус дастгир шудааст.

Ёдовар мешавем, Аҳмадбек Саидов дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...