Арзиши умумии мунтахаби футболи Тоҷикистон боло рафт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозигарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,10 млн евро арзёбӣ кард. Моҳи сентябри соли гузашта футболбозони даста 5,85 млн евро ва соли 2020 – ҳудуди 3 млн евро нарх доштанд.

Портали Transfermarkt.dе арзиши тахминии бозигарони мунтахабҳои футболро эълон кард. Ҳисоб бо назардошти нархи ҳар кадоме аз бозигарон дар бозори интиқол (фурӯш, трансфер) анҷом дода шудааст.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад.

Нархи бозигари 28-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Дастпарвари “Рубин”-и Қазон (Тотористон, Русия) мебошад.

Дар зинаи дуюм нимҳимоятгари марказӣ Эҳсони Панҷшанбеи 23-сола қарор дорад, ки айни замон дар тими “Зоб Оҳан”-и Эрон бозӣ мекунад. Transfermarkt.de ӯро 700 ҳазор евро нархгузорӣ кардааст.

Ба сафи футболбозони гарон инчунин инҳо шомиланд:  

Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгар (Сурхон, Ӯзбекистон) – 500 ҳазор евро

Рустам Ятимов, дарвозабон (Истиқлол, Тоҷикистон) – 400 ҳазор евро

Комрон Турсунов, ҳамлагар (ТРАУ, Ҳиндустон) – 325 ҳазор евро

Ваҳдат Ханнонов, ҳимоятгар (Персеполис, Эрон) – 325 ҳазор евро

Шаҳром Самиев, ҳамлагар (Ислоч, Беларус) – 300 ҳазор евро

Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлагар (Хатлон, Тоҷикистон) – 300 ҳазор евро

Рустам Соиров, ҳамлагар (Левадия, Эстония) – 300 ҳазор евро

Амирбек Ҷӯрабоев, нимҳимоятгар (Юнайтед Сити, Филиппин) – 250 ҳазор евро

Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар (Истиқлол, Тоҷикистон)  – 250 ҳазор евро

Манучеҳр Сафаров, ҳимоятгар (Локомотив, Ӯзбекистон) – 200 ҳазор евро.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...