Арзиши умумии мунтахаби футболи Тоҷикистон боло рафт

Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозигарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,10 млн евро арзёбӣ кард. Моҳи сентябри соли гузашта футболбозони даста 5,85 млн евро ва соли 2020 – ҳудуди 3 млн евро нарх доштанд. Портали Transfermarkt.dе арзиши тахминии бозигарони мунтахабҳои футболро эълон кард. Ҳисоб бо назардошти нархи ҳар кадоме аз бозигарон дар бозори интиқол (фурӯш, трансфер) […]

Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозигарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,10 млн евро арзёбӣ кард. Моҳи сентябри соли гузашта футболбозони даста 5,85 млн евро ва соли 2020 – ҳудуди 3 млн евро нарх доштанд.

Портали Transfermarkt.dе арзиши тахминии бозигарони мунтахабҳои футболро эълон кард. Ҳисоб бо назардошти нархи ҳар кадоме аз бозигарон дар бозори интиқол (фурӯш, трансфер) анҷом дода шудааст.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад.

Нархи бозигари 28-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Дастпарвари “Рубин”-и Қазон (Тотористон, Русия) мебошад.

Дар зинаи дуюм нимҳимоятгари марказӣ Эҳсони Панҷшанбеи 23-сола қарор дорад, ки айни замон дар тими “Зоб Оҳан”-и Эрон бозӣ мекунад. Transfermarkt.de ӯро 700 ҳазор евро нархгузорӣ кардааст.

Ба сафи футболбозони гарон инчунин инҳо шомиланд:  

Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгар (Сурхон, Ӯзбекистон) – 500 ҳазор евро

Рустам Ятимов, дарвозабон (Истиқлол, Тоҷикистон) – 400 ҳазор евро

Комрон Турсунов, ҳамлагар (ТРАУ, Ҳиндустон) – 325 ҳазор евро

Ваҳдат Ханнонов, ҳимоятгар (Персеполис, Эрон) – 325 ҳазор евро

Шаҳром Самиев, ҳамлагар (Ислоч, Беларус) – 300 ҳазор евро

Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлагар (Хатлон, Тоҷикистон) – 300 ҳазор евро

Рустам Соиров, ҳамлагар (Левадия, Эстония) – 300 ҳазор евро

Амирбек Ҷӯрабоев, нимҳимоятгар (Юнайтед Сити, Филиппин) – 250 ҳазор евро

Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар (Истиқлол, Тоҷикистон)  – 250 ҳазор евро

Манучеҳр Сафаров, ҳимоятгар (Локомотив, Ӯзбекистон) – 200 ҳазор евро.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.