Манижа консерташро дар Душанбе ба вақти дигар гузаронид

Asia-Plus

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин рӯзи консертҳои наздиктаринашро таҳти унвони «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст.

“Ин ба эълони қисман сафарбарӣ дар Русия ва масоили таъмини амнияти мусиқачиёнам марбут аст, – навиштааст Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. – Дар Алмато ҷойи баргузории консертро иваз мекунем. Рӯз ва ҷойи баргузории консерт дар Бишкекро дертар эълон мекунем. Барои ба малоли хотиратон расидан узр мепурсам ва умедворам, ки маро мефаҳмед. Интизори вохӯриҳо бо Шумоям!”.

Ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд.

Агар дар ин рӯзҳо барои ба консерт рафтан имкон надошта бошед, барои баргардонидани пул ба масъул (оператор)-и дахлдор ба билетҳо муроҷиат кардан зарур аст.  

Рӯзи нави консертҳо:

Алмато, Клуби «Мотор» – 20 ноябр.

Тошканд, Кохи ҳунари «Туркистон» – 21 ноябр.

Душанбе, Кохи Сурӯш – 24 ноябр.

Дарёфти билетҳо бо суроғаи зерин дастрас аст.

Ёдрас мекунем, ки консерти Манижа Таҳти унвони  «Город солнца» (Шаҳри офтобӣ) бояд рӯзи 9 октябр дар Душанбе баргузор мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...