Манижа консерташро дар Душанбе ба вақти дигар гузаронид

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин рӯзи консертҳои наздиктаринашро таҳти унвони «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. “Ин ба эълони қисман сафарбарӣ дар Русия ва масоили таъмини амнияти мусиқачиёнам марбут аст, – навиштааст Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. – […]

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин рӯзи консертҳои наздиктаринашро таҳти унвони «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст.

“Ин ба эълони қисман сафарбарӣ дар Русия ва масоили таъмини амнияти мусиқачиёнам марбут аст, – навиштааст Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. – Дар Алмато ҷойи баргузории консертро иваз мекунем. Рӯз ва ҷойи баргузории консерт дар Бишкекро дертар эълон мекунем. Барои ба малоли хотиратон расидан узр мепурсам ва умедворам, ки маро мефаҳмед. Интизори вохӯриҳо бо Шумоям!”.

Ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд.

Агар дар ин рӯзҳо барои ба консерт рафтан имкон надошта бошед, барои баргардонидани пул ба масъул (оператор)-и дахлдор ба билетҳо муроҷиат кардан зарур аст.  

Рӯзи нави консертҳо:

Алмато, Клуби «Мотор» – 20 ноябр.

Тошканд, Кохи ҳунари «Туркистон» – 21 ноябр.

Душанбе, Кохи Сурӯш – 24 ноябр.

Дарёфти билетҳо бо суроғаи зерин дастрас аст.

Ёдрас мекунем, ки консерти Манижа Таҳти унвони  «Город солнца» (Шаҳри офтобӣ) бояд рӯзи 9 октябр дар Душанбе баргузор мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.