Боздиди Абдуҷаббор Раҳмонзода аз як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар Рӯзи омӯзгорон, 1-уми октябр, аз мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон боздид намуд. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Тошкант хабар медиҳад. Пас аз боздид аз мактаби таҳсилоти умумии №42 дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода дар саҳнаи мактаб бо омӯзгорон, толибилмон […]

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар Рӯзи омӯзгорон, 1-уми октябр, аз мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон боздид намуд. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Тошкант хабар медиҳад.

Пас аз боздид аз мактаби таҳсилоти умумии №42 дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода дар саҳнаи мактаб бо омӯзгорон, толибилмон ва гурӯҳе аз падару модарон мулоқот намуд.

Ҳамин тавр, Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро бо рӯзи омӯзгорон табрик намуда, оид ба дӯстиву рафоқат миёни тоҷикон ва ӯзбекон суханронӣ намуд.

Сафири тоҷик таъкид доштааст, ки дар чандсолаи ахир ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тавсеа меёбанд.

Боздиди сафири тоҷик аз мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон дар ҳолест, ки чанде пештар Амина Шарофиддинова, омӯзгор ва як пуштибони забони тоҷикӣ дар Самарқанд, аз кам шудани мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “бо гузашти 25 сол дар вилояти Самарқанд беш аз 50 мактаби тоҷикӣ аз фаъолият бозмонд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.