Тоҷикистон барои ба хонаводаҳо баргардонидани кӯдакони аз Ироқу Сурия овардашуда шитоб намекунад

Сabar.asia

Равоншиносон ба мақомот тавсия медиҳанд дар баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳои аслии худ шитоб накунанд.

Ду набераи Шоҳида Хоҷаева, сокини вилояти Хатлон ҳам се сол пеш аз Ироқ баргардонида шуд. Духтараш дар Ироқ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Набераи калониаш 9-сола аст ва имсол ба синфи дуюм рафт. Дуюмӣ 7 сол дорад ва дар синфи якум мехонад. Ҳарду дар мактаб-интернат таҳсил мекунанд ва бе иҷозати махсус ҳаққи аз он хориҷ шуданро надоранд.

Шоҳида Хоҷаева давоми се соли охир борҳо ба дидорбинии набераҳояш рафтааст. Аммо ҳама талошҳо барои ба хона баргардонидани онҳо натиҷа надодаанд.

“Онҳо аллакай ба зиндагӣ дар Тоҷикистон одат кардаанд. Дар мавриди он чизе ки дар Ироқ ба сарашон омад, тақрибан чизе дар хотирашон намондааст, танҳо мепурсанд: модари моро кай меоранд? Набераҳоям борҳо аз ман пурсиданд: “Бибиҷон, кай моро ба хона мебаред?”. Дилам хун мешавад, аммо намедонам ба онҳо чӣ ҷавоб диҳам. Умедворем, рӯзе ба мо иҷозат медиҳанд, ки онҳоро ба хона барем”,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, баъди он ки духтараш ба Ироқ рафт, мақомоти интизомӣ борҳо ӯро барои суҳбат даъват карданд.

“Онҳо хуб медонанд, ки шароити зиндагии мо чӣ гуна аст, чӣ тавр зиндагӣ мекунем. Намедонам, чаро кӯдаконро ба мо намедиҳанд”,-афзуд Шоҳида Хоҷаева.

Соли 2019 мақомоти Тоҷикистон нахустин гуруҳи 89-нафараи кӯдакони ҷангҷӯёнро, ки аз 1 то 18-сола буданд, аз Ироқ ба Ватан баргардониданд.

Ҳамаи онҳо дар истироҳатгоҳи “Харангон”-и Варзоб ҷойгир шуданд. Интизор мерафт ба зудӣ онҳоро ба хонавода ё хешу таборашон супоранд. Аммо то ҳол чунин нашудааст.

26 июли соли 2022 гуруҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон – иборат аз 146 зану кӯдак аз Сурия оварда шуд. Бо онҳо чӣ шуд ва онҳоро дар куҷо ҷойгир карданд, маълум нест. Талошҳои сершумори CABAR.asia барои мулоқот ва гуфтугӯ бо занони аз Сурия овардашуда бенатиҷа анҷом ёфт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар нишасти хабарии рӯзи 2 август ба хабарнигорон гуфт, ин занҳо на дар “СИЗО”, балки дар яке аз истироҳатгоҳҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

“Мо ҳар рӯз назди онҳо меравем, аз аҳволашон бохабар мешавем, бо онҳо суҳбат мекунем. Шумо медонед, ки онҳо солиёни зиёд дар дохили ҷанг буданд ва пас аз бозгашт ба онҳо як муҳлати муайян лозим аст, ки ба шароити нав мутобиқ шаванд”,-таъкид намуд Қурбонзода.

Мақомоти интизомӣ низ мегӯянд, ба ин кӯдакону занон муҳлат лозим аст то ба ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ шаванд ва мутахассисон пайваста бо онҳо кор мекунанд.

Раванди тӯлонии мутобиқшавӣ

Яке аз равоншиносони тоҷик, ки тайи се соли ахир бо кӯдакони аз Ироқ овардашуда кор мекунад, ба шарти ифшо нашудани номаш барои суҳбат бо CABAR.asia розӣ шуд.

“Давраҳои аввали баъди баргардонидан, захираи луғавии онҳо ҳамагӣ аз чанд калима, монанди “муҷоҳид”, “шаҳид”, “муртад” ва “ҷиҳод” иборат буд”. Пас аз чанд ҳафтаи кор бо онҳо, равоншиносон кӯдаконро дар як толор ҷамъ карда, ба онҳо коғази сафед ва қалам доданд, сипас хоҳиш карданд ҳар расмеро, ки мехоҳанд, бикашанд.

Бештари онҳо ду расм кашиданд. Расми аввал хонаи зебои равшан ва хонаи тираву тор, расми дуюм ҳавопаймои бомбандоз ва ҳавопаймои мусофирбар”,-нақл мекунад равоншинос.

Вақте аз кӯдакон шарҳи расмҳоро мепурсанд, онҳо мегӯянд, ки хонаи рӯшан ин хона дар Тоҷикистон аст, хонаи торик бошад, зиндони Ироқ.

“Бомбафган ҳамон ҳавопаймоест, ки дар Ироқ ба маҳалли будубошашон гулула партоб кард, дигарӣ ҳамон ҳавопаймоест, ки онҳоро ба Тоҷикистон расонидааст. Яъне, ин наврасон аллакай муқоиса карданро ёд гирифтаанд”,- гуфт манбаъ ба CABAR.asia.

Вай меафзояд, ҳанӯз бо занҳое, ки моҳи июли соли равон аз Сурия оварда шуданд, суҳбат накардааст, аммо кор бо кӯдакону занони ҷангҷӯёни ДИИШ (гуруҳи террористӣ фаъолияташ дар бисёр кишварҳо мамнӯъ) барои ҳамкасбонаш як таҷрибаи тозае шудааст. Аз ин рӯ, барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани онҳо аз шева ва усулҳои гуногун истифода мебаранд.

Ба таъкиди равоншинос, беҳтарин роҳи бозгашти наврасон ба ҷомеа ин хонавода аст, аммо ин корро бояд бо эҳтиёт анҷом дод. Ҳамкорони ӯ барои ба наздикон баргардонидани ин кӯдакон чанд роҳро пешниҳод кардаанд.

“Дар хулосаи худ ба мақомот пешниҳод кардем, ки кӯдакони то 5-соларо ба хешовандонашон супоранд, онҳо дар бораи он рӯзҳо чизеро дар ёд надоранд. Аммо барои супурдани кӯдакони аз 5- сола боло набояд шитоб кард. Пеш аз ҳама бояд хонаводаҳои онҳо ба таври лозим ва дақиқ омӯхта шаванд, ки тарзи зиндагӣ ва тафаккури онҳо чӣ гуна аст? Яъне, оё наврас баъди ба оила баргаштан ба фазои барои ифротгароӣ мусоид намеафтад? Айни замон мо аниқ медонем, ки наврасон дар интернатҳо таҳти назорати мақомот қарор доранд. Мо бояд комилан итминон дошта бошем, ки онҳо барои ҷомеа хатарнок нестанд”,-илова намуд равоншинос.

Ба пешбинии ҳамсуҳбати CABAR.asia, мутобиқшавии занону кӯдакони аз Ироқу Сурия овардашуда шояд муддати хеле тӯлонӣ – аз 5 то 10 солро дар бар бигирад.

Хавф аз афзоиши ифротгароӣ

Тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013 пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи “Давлати исломӣ” ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гуруҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд. Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон (занону кӯдакон) дар Сурия ба асорати нерӯҳои курд афтида, дар урдугоҳҳо нигоҳ дошта мешуданд. 43 зани тоҷик аз сӯи додгоҳҳои Ироқ ба ҳабси абад ё солҳои тӯлонӣ маҳкум гардиданд.

Бештари занони тоҷик ва наздикони онҳо борҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба доми фиреб афтида ва аз пайи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Аммо ин ҳарфҳо, зоҳиран, хадамоти вижаро мутақоид накарданд, ки омода нестанд занони аз Сурия овардашударо ба хонаводаҳояшон баргардонанд.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, занони баргаштаи тоҷик инак панҷ сол аст, ки дар ҷомеа, дар як вазъи комилан дигари идеологӣ ба сар мебаранд.

Ҳам Ҳодизода ва ҳам равоншинос ба як нуктаи муҳим таъкид мекунанд – дар Тоҷикистон мутахассисони соҳибихтисосе, ки бо занону кӯдакони ҷангҷӯён кор кунанд, нестанд.

“Онҳо дар ҷанг иштирок кардаанд, бомбборон шудаанд, дар урдугоҳҳои курдҳо душвориҳоро аз cap гузарондаанд. Ҳамаи онҳо, чӣ занон ва чӣ кӯдакон, синдроми пас аз низоъ доранд. Онҳо ҳазор мушкилот доранд. Бо онҳо кор кардан лозим аст. Аммо ҳоло касе намедонад, ки бо ин ҳама чӣ кор бояд кард”,-мегӯяд Фаридун Ҳодизода.

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, борҳо аз хатари афзоиши ифротгароӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои шитоб накардани мақомот барои ба хешовандон додани кӯдакону занони аз Сурияву Ироқ баргашта маҳз тарс аз густариши ифротгароӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...