Хисорот ҳисоб шуд ва барқарорсозӣ идома дорад. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон аз оқибати даргириҳои марзӣ

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз аз оғози таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон 20 рӯз гузашт ва ҷониби Тоҷикистон аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар доданд.

Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар шаҳри Исфара 69 хонаву 90 оила аз ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони Қирғизистон зарар дидаанд.

Ҳамзамон, ӯ иттилоъ дод, ки дар Ҷамоати Хистеварзи деҳаи Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 хана комилан ба хок яксон шуда, 90 манзили дигар қисаман зарар дидааст.

Ба гуфтаи Музаффар Юсуфзод, дар шаҳри Исфара айни замон Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо идома дорад.

“Барои анҷоми сохтмони манзилҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст. Дар ин баробар, ҳукумати вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллаҳои зараридада ба таври ҷудогона масолеҳи сохтмонӣ ва ҳама намуди лавозимоти заруриро таъмин менамоянд. Соҳибкорон низ аз ин ташаббус ҷудо нестанд”, – гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.

Музаффар Юсуфзод афзуд, ки тақсимоти масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таҳти таваҷҷуҳи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоияти Суғд қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, барои шаҳрвандони зарардида то ибтидои моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд ва Раҷаббой Аҳмадзода барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчи зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...