Ҳалокати ду нафар бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад. "4 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.

"4 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст", – навиштааст манбаъ.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов К.М. ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ афзудааст, ронандаи автомашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра», Зулфонов О.Н. ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.