БДА амалиёти “Истгоҳ” мегузаронад. Барои коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ва тамбашавӣ дар роҳҳо

Аз 5 то 15-уми октябри соли равон дар кишвар амалиёти “Истгоҳ” гузаронида мешавад, ки ҳадафи он коҳиш садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳои кироя мебошад. Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии кишвар (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз ин ниҳод гуфтанд, маҳз […]

Аз 5 то 15-уми октябри соли равон дар кишвар амалиёти “Истгоҳ” гузаронида мешавад, ки ҳадафи он коҳиш садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳои кироя мебошад.

Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии кишвар (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, маҳз бо сабаби дар ҷойҳои муайянгардида-истгоҳҳо ва ё ҳудуди муайяншуда нигоҳ надоштани нақлиёт, инчунин савор кардану фаровардани мусофирон дар хатҳои дуюм ва сеюми роҳ, дар гузаргоҳ барои пиёдагардон, болои пул ва ҳудуди роҳҳои дусатҳа сабаби афзоиши қоидавайронкунӣ миёни ронандагон мегардад.

“Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ, дар ин самт ҳанӯз ҳам дар кишвар масъалаи тамбашавӣ ва ё дар истгоҳ нигоҳ надоштани воситаи нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад”, – нигаронӣ карданд аз БДА.

Ин ниҳод аз тамоми сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кард, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо зимни гузаронидани амалиёти “Истгоҳ” қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро дар истогоҳ ва дигар воситаҳои нақлиётро берун аз истгоҳ дар ҳудуди муайяншуда нигоҳ доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳолати ба қоидавайронкунӣ даст задани ронандагон аз ҷониби нозирони роҳ нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

                                          

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.