Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайринавбатии сарони давлатҳои ИДМ ширкат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ, 7-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар доданд. Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин раисиҷумҳури Русия баргузор мешавад, ки пагоҳ 70-солагии худро таҷлил мекунад. […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки пагоҳ, 7-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар доданд.

Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин раисиҷумҳури Русия баргузор мешавад, ки пагоҳ 70-солагии худро таҷлил мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфтааст, Путин зодрӯзашро дар ҷои кор  мегузаронад

"Ӯ чорабиниҳои корӣ ба нақша гирифтааст, мо дар бораи онҳо ба шумо ба таври иловагӣ хабар медиҳем",- афзудааст Песков дар суҳбат бо "Известия".

Дирӯз, 5 –уми октябр Эмомалӣ Раҳмон 70-солагии худро дар ҳалқаи фарзандону наздиконаш таҷлил кард

Ба ифтихори ин сана, Путин раҳбари Тоҷикистонро ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3  “барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ” қадрдонӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.