Тоқаев мехоҳад номзадиашро ба президентӣ аз “эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ” пешниҳод намояд

admin

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бар ин назар аст, ки дуруст мебуд, агар вай "на аз кадом ҳизби мушаххас", балки аз "эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ" ба интихобот мерафт. Дар ин бора сentralasian.org иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора 5-уми октябр дар сафари кориаш ба вилояти Павлодари Қазоқистон хабар додааст.

"Ман мебинам, ки масълаи аз кадом ҳизб номзад шудани ман дар ҷомеа бо таваҷҷуҳи хос баррасӣ мешавад. Ошкоро мегӯям – эътилофҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳизбҳо пешниҳод доранд, ки аз номи онҳо номзад шавам. Фикр мекунам, дуруст мебуд, агар ман на аз номи ҳизби мушаххас, балки аз номи эътилофи васеи неруҳои мардумӣ ва сиёсӣ номзад мешудам", – гуфт Тоқаев.

Вай бори дигар ваъда кард: ҳамчун роҳбари давлат "кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ бидуни тақаллуб, ошкоро ва боадолатона баргузор мешавад".

То ин замон дар Қазоқистон чаҳор нафар даъвогари курсии президентӣ шудаанд.

Президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ эъломи интихоботи пеш аз муҳлати президентиро кард. Ин интихобот рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд. Пеш аз таъйини рӯзи интихобот ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карданд, ки акнун президент барои як давраи 7-сола интихобот мешавад ва ҳаққи дубора интихобот шуданро надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...