Тоқаев мехоҳад номзадиашро ба президентӣ аз “эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ” пешниҳод намояд

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бар ин назар аст, ки дуруст мебуд, агар вай "на аз кадом ҳизби мушаххас", балки аз "эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ" ба интихобот мерафт. Дар ин бора сentralasian.org иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора 5-уми октябр дар сафари кориаш ба вилояти Павлодари Қазоқистон хабар додааст. "Ман […]

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бар ин назар аст, ки дуруст мебуд, агар вай "на аз кадом ҳизби мушаххас", балки аз "эътилофи васеи неруҳои мардумиву сиёсӣ" ба интихобот мерафт. Дар ин бора сentralasian.org иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора 5-уми октябр дар сафари кориаш ба вилояти Павлодари Қазоқистон хабар додааст.

"Ман мебинам, ки масълаи аз кадом ҳизб номзад шудани ман дар ҷомеа бо таваҷҷуҳи хос баррасӣ мешавад. Ошкоро мегӯям – эътилофҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳизбҳо пешниҳод доранд, ки аз номи онҳо номзад шавам. Фикр мекунам, дуруст мебуд, агар ман на аз номи ҳизби мушаххас, балки аз номи эътилофи васеи неруҳои мардумӣ ва сиёсӣ номзад мешудам", – гуфт Тоқаев.

Вай бори дигар ваъда кард: ҳамчун роҳбари давлат "кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ бидуни тақаллуб, ошкоро ва боадолатона баргузор мешавад".

То ин замон дар Қазоқистон чаҳор нафар даъвогари курсии президентӣ шудаанд.

Президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ эъломи интихоботи пеш аз муҳлати президентиро кард. Ин интихобот рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд. Пеш аз таъйини рӯзи интихобот ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карданд, ки акнун президент барои як давраи 7-сола интихобот мешавад ва ҳаққи дубора интихобот шуданро надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.