Зане, ки тағояшро кушта буд, ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Asia-Plus

Дилбар Сайфутдинова, як сокини шаҳри Турсунзода, бо гуноҳи дар ҳолати мадҳушӣ ба қатл расонидани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов 9 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Дилбар Сайфутдинова дар ҳолати сархушӣ шаби 11-уми июн бо мақсади ба қатл расонидан ба хонаи тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов, ки танҳо зиндагӣ мекард, меравад. Ҷаҳонгир Сайфутдинов низ дар ҳолати сархушӣ қарор дошт ва аз ин фурсат истифода намуда, Дилбар Сайфутдинова бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯи тағояш мезанад, ки дар ниҳоят номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрда беҳуш мешавад”, – менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди худ тағояшро, ки аллакай муқобилият нишон дода наметавонист, бо гузоштани пойи росташ ба гулӯи ӯ, буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Пас аз ин, қотил бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдиновро ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда, печонида, онро бо автомашинаи тамғаи “Дэу-Матиз, ба маҳаллаи 4 бинои 20 хонаи 39-и шаҳри Турснузода, ки дар он манзил бо модараш Дилрабо Сайфутдинова ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол медиҳад.

Гуфта мешавад, Дилбар Сайфутдинова бардурӯғ баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш бинобар сӯйистеъмоли микдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ ин ҳолатро ошкор намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 7-уми сентябр шаҳрванд Дилбар Сайфутдинова дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...