Зане, ки тағояшро кушта буд, ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Дилбар Сайфутдинова, як сокини шаҳри Турсунзода, бо гуноҳи дар ҳолати мадҳушӣ ба қатл расонидани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов 9 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. “Дилбар Сайфутдинова дар ҳолати сархушӣ шаби 11-уми июн бо мақсади ба қатл расонидан ба хонаи тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов, ки танҳо зиндагӣ мекард, меравад. Ҷаҳонгир Сайфутдинов […]

Дилбар Сайфутдинова, як сокини шаҳри Турсунзода, бо гуноҳи дар ҳолати мадҳушӣ ба қатл расонидани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов 9 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Дилбар Сайфутдинова дар ҳолати сархушӣ шаби 11-уми июн бо мақсади ба қатл расонидан ба хонаи тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов, ки танҳо зиндагӣ мекард, меравад. Ҷаҳонгир Сайфутдинов низ дар ҳолати сархушӣ қарор дошт ва аз ин фурсат истифода намуда, Дилбар Сайфутдинова бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯи тағояш мезанад, ки дар ниҳоят номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрда беҳуш мешавад”, – менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди худ тағояшро, ки аллакай муқобилият нишон дода наметавонист, бо гузоштани пойи росташ ба гулӯи ӯ, буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Пас аз ин, қотил бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдиновро ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда, печонида, онро бо автомашинаи тамғаи “Дэу-Матиз, ба маҳаллаи 4 бинои 20 хонаи 39-и шаҳри Турснузода, ки дар он манзил бо модараш Дилрабо Сайфутдинова ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол медиҳад.

Гуфта мешавад, Дилбар Сайфутдинова бардурӯғ баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш бинобар сӯйистеъмоли микдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ ин ҳолатро ошкор намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 7-уми сентябр шаҳрванд Дилбар Сайфутдинова дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.