Фурӯши истироҳатгоҳи Гулнора Каримова дар Тошканд

Истироҳатгоҳи “Сиҷҷак”, ки ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, маротибаи дуюм ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи Агентии идораи амволи давлатии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Арзиши аввалияи ин маҷмӯа, ки дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ҷойгир аст, 70 миллиард сӯми ӯзбекӣ, муодили 6 343 400 доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудааст. Дар […]

Asia-Plus

Истироҳатгоҳи “Сиҷҷак”, ки ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, маротибаи дуюм ба фурӯш гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи Агентии идораи амволи давлатии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Арзиши аввалияи ин маҷмӯа, ки дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ҷойгир аст, 70 миллиард сӯми ӯзбекӣ, муодили 6 343 400 доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки майдони умумии ин маҷмаа 5,38 га буда, масоҳати бино 4039,56 метри мураббаъ аст. Дар ҳудуди маҷмаа аз ҷумла, меҳмонхона, чандин ҳавзи шиноварӣ ва амфитеатр мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, ки маҷмааи мазкур қаблан низ дар музояда гузошта шудаву харидори мувофиқ пайдо накарда буд.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова духтарбузурги президенти марҳуми Ӯзбекистон Ислом Каримов аст, ки замоне ҳамчун вориси ояндаи курсии падар ва пуртаъсиртарин чеҳраи ин кишвар шинохта мешуд. Ӯ дар Ӯзбекистон ва берун аз он тиҷорати густардаро роҳандозӣ кардаву бо арзиши гарон аз манотиқи гуногуни ҷаҳон хонаву истироҳатгоҳҳо харидорӣ карда буд.

Дар вопасин лаҳзаҳои ҳукмронии падараш ӯ ба мушкил печид ва пас аз чанд нутқи интиқоди ба аввал ба ҳабси хонагӣ ва баъдан ба маҳбас фиристода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.