Дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста. Чаро рӯзноманигорон ба таври боз муҳокима намешаванд?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳафтаи қабл, 4-уми октябр Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти тоҷикро дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ ба таври пӯшида баррасӣ кард ва ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуд.

Пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик ҳукми содирнамудаи судро “ноодилона ва сангин” унвон карданд.

Ҳафтаи гузашта, баррасии парвандаи рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ низ оғоз шуд ва он ҳам дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста ҷараён гирифт.

Дар робита ба шеваи муҳокимаи рӯзноманигорони боздоштшуда, “Азия-Плюс” аз ҳуқуқшиносон пурсид: ”Чаро парвандаҳои рӯзноманигорон паси дарҳои баста ва дар бинои боздоштгоҳ баррасӣ мешаванд, на дар бинои Суд ва ба таври боз?

Ватан Абдураҳмонов, вакили дифоъ:

Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО ин муассисаи пӯшида ва дар тобеияти Вазорати адалия аст. Ман ҳайронам, ки дар кадом асос Вазорати адлия иҷозат медиҳад, ки дар ин муасисаи пӯшида суди сайёр баргузор шавад. Ин хилофи қонунгузорӣ аст. Азбаски ин муассиса пушида аст, баргузории ҳамаи намуди чорабинӣ, аз ҷумла суди сайёр мумкин нест.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки на танҳо парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, балки дигар парвандаҳо ҳам дар СИЗО баррасӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳам дар Суди олӣ ва ҳам судҳои шаҳру навоҳӣ толори алоҳида барои баргузории суд ҳаст, ҳамааш холӣ аст ва метавонистанд парвандаро дар ҳамин толорҳо баррасӣ кунанд. Барои чӣ дар СИЗО мегузаронанд, ман низ ҳайронам. Ин ғайриқонунӣ аст.

Дар қонун зикр шудааст, ки суд  замоне пӯшида мегузарад, ки агар парванда ба манфиати давлату миллат таҳдид кунад. Дар дигар ҳолат бояд судҳо кушода ва дар толори судҳои шаҳру навоҳӣ баргузор шавад.

Ҳамчунин, эълон ҳукм бе огоҳ намудани наздикони боздоштшуда ҳам нақзи ҳуқуқҳои боздоштшуда ва дар маҷмӯъ, нақзи ҳуқуқи инсон аст.

Қонунгузорӣ мегӯяд, баррасии парвандаҳо ба истиснои чанд ҳолати алоҳида бояд ошкоро ва бо ширкати наздикону пайвандони боздоштшуда, инчунин рӯзноманигорон баргузор шавад. Вале мо дар таҷриба мебинем, ки баррасии оддитарин парвандаро дар судҳои пӯшида баргузор мекунанд ва ҳатто наздикони маҳкумшавандаро огоҳ ё хабар намекунанд. Ин ҳама нақзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи боздоштшуда аст.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ:

– Боиси таассуф аст, ки чанд соли охир паси дарҳои баста баргузор намудани мурофиаҳои судӣ ба воқеият табдил ёфтааст. Бидуни шак, дар чунин шароит оид ба баробарии имконияту фурсатҳои даъвогару судшаванда, адвокату прокурор ва дигар иштирокчиёни мурофиа, ба хусус риояи одоби касбӣ, шаффофияту ба таври ошкоро, объективӣ, хамаҷониба, холисона ва тартиби дигари таъмини кафолати шартҳои  баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ ва авлавиятҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ибрози андеша кардан хеле душвор аст.

Зеро ки таҳлилу баррасӣ асосноку ҷиддӣ мебуд агар бо дар назардошти вижагиҳои фаъолияти журналистӣ ва шахсияти айбдоршаванда мурофиаи парвандаро дар бинои суди ноҳия бо иштироки пайвандону фарзандон ва ҳамкасбону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мекарданд. Аммо набудани иродаи сиёсӣ ва дигар омилу сабабҳои субъективӣ раванди ба таври ошкоро баррасӣ намудани ин қазияро халалдор кард.

Чунин муносибат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон адолати судӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин, моҳияти татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати таъмини баробарии шаҳрвандон новобаста аз мақоми иҷтимоию дигар арзишҳои инсонӣ, дар назди қонун ва суд таъмин нашудаанд.

То замоне ки меъёрҳои усулии Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Кодексҳои ҷиноятию мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳуқуқтатбиқкунанда бе чуну чаро мавриди амал қарор нагирад боэътибору соҳибэҳтиром шудани давлатдории миллии муосири тоҷик имконият надорад.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки чунин беадолатиҳо ба фаъолияти журналистон ҷиҳати анҷоми рисолаташон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...