Дар Тоҷикистон котибот ва сомонаи зиддитерроризм таъсис меёбад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 Котибот ташкил карда шуда, ҳамчунин, барои инъикоси он пойгоҳи махсус фаъол мешавад.

Дар ин бора Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик дар “Телеграм-канал”-аш навиштааст.

Ба навиштаи ӯ имрӯз, 12-уми октябр, таҳти сарпарастии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Ҷаласаи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

Ризоён афзуд, хабари муҳими ҷаласаи имрӯза, таъсиси Котиботи татбиқи Стратегия ва сомонаи махсус оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм (сомонаи иттилоотӣ-таҳлилӣ) мебошад.

Ба таъкиди вай, яке аз ҳадафҳои Котибот “ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба татбиқи Стратегия аст.

“Амалигардонии  ин  Стратегия масъалаҳои арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон, ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус ҷомеаи шаҳрвандиро муҳим мегардонад.

Зимни баррасии масъала пешниҳод шуд, ки дар доираи фаъолияти Котибот бо созмонҳои ҷамъиятӣ (онҳое, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм кор мекунанд, мутаассифона шумораи онҳо чандон зиёд нест) вохӯрии алоҳида баргузор карда шавад”, – навиштааст Шералӣ Ризоён.

Номбурда дар заминаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод кардааст, ки дар доираи Котибот мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони ҷомеаҳои коршиносӣ ва журналистӣ оид ба инъикоси мушкилоти экстремизм ва терроризм баргузор карда шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин таклифҳо ба назар гирифта, амалӣ шаванд, мо дар ин самт таҷрибаи нодири миллӣ хоҳем дошт.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми июни соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро тасдиқ карда буд.

Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...