“IT Park”-и Ӯзбекистон як браузери тоҷикиро $10 млн нарх кардааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

“IT Park”- и Ӯзбекистон бо харҷи 10 млн. доллари америкоӣ хостори харидории стартапи системаи ҷустори тоҷикии  “Dodaho.tj» мушобеҳ ба Google ва ё Яндекс шудааст. Ин бразузер аз сӯи як ҷавони тоҷик моҳи октябри соли 2021 таъсис ёфт ва барои ба кор даровардани он таҳиягаронаш зиёда аз 100 ҳазор доллари америкоӣ сарф кардаанд.

Дар ин бора Файзуллоҷон Сафаров, муаллиф ва таҳиягари системаи мазкур, устоди Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСИС» дар  шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, онҳо ба харидорони ӯзбек посухи рад доданд, зеро нафаре, ки худро менеджери “IT Park”- и Ӯзбекистон муаррифӣ кард, мехост баъди харидорӣ Dodaho.tj – ро ба Dodaho.uz тағйири ном кунад.

“Мо ба ин шарти ӯ розӣ нашудем. Чунки ин системаи ҷустори миллӣ аст ва мебояд манфиати миллиро аз манфиати шахси волотар гузошт. Мо намехоҳем, онро ба касе фурӯшем”, – гуфт Сафаров.

Дар ҳамин ҳол, номбурда аз дастгирӣ наёфатани ихтирооти инноватсиониаш аз ҷониби сармоягузорони дохилӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, мебояд консепсияи иқтисоди рақамиро ҳатман дастгирӣ кард, зеро дастгирии эшон боиси кушодашавии “Ширкати трансмиллии Dodaho” дар соҳаи технологияҳои инноватсионию иттилоотӣ мешавад. Ин имкон медиҳад ҳазорҳо ҷойҳои корӣ барои IT – мутахассисон таҳия шуда, даромади иловагӣ, андоз ва пешрафти иқтисодиёти фаромиллӣ таъмин гардад.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ҳоло аз Системаи ҷустории www.dodaho.tj тақрибан 1 млн корбар истифода мебаранд ва дар манобеъи Додаҳо зиёда аз 500 ҳазор китоби электронӣ, адабиёти дилхоҳ ва бо 35 забони олам маълумоти муфид мавҷуд аст, вале масъулин ба дурустӣ ба он аҳамият намедиҳанд.

“Дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ соҳиби манобеи иттилоотии миллӣ бо номи Dodaho (Додаҳо) гардидем, ки ин яке аз рукнҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ва давлати миллӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Мардум то замони рӯи кор омадани Dodaho аз системаҳои Google ё Яндекс истифода мекарданд. Имрӯз аллакай аз системаи ҷустори Додаҳо истифода мебаранд. Вале масъулин ҳозир намешаванд, ки бо мо ҳамоҳангӣ  кунанд”, – нигаронӣ кард ин олими ҷавони тоҷик.

Номбурда афзуд, яке аз фарқиятҳои низоми мо аз Google ва Яндекс дар он аст, ки Dodaho дар бораи минтақаи мо маълумоти дақиқу саҳеҳтар медиҳад.

Зимнан, миёни кишварҳои ИДМ танҳо Русия Системаи ҷустории миллӣ Яндекс-ро дар ихтиёр дорад.

“Касе ба мо бовар надошт, мегуфтанд, ки рақобат кардан бо низомҳои ҷустуҷӯӣ ба монанди Google ва Яндекс хеле душвор аст. Лоиҳа асосан аз ҷониби волидону бародаронам ва чанде аз дӯстонам, ки ҳозир бо ман баҳри амалисозии он кор мекунанд, маблағгузорӣ шуд”, – афзуд Сафаров.

Браузер аз аввали моҳи июн бо забони тоҷикӣ амал карда, як низоми худии ҷустуҷӯии насбшуда дорад ва истифодааш хеле осону одӣ мебошад.

Дар марҳилаи ҳозира ин намуна суръати баланди интиқоли маълумот, ҳадди ақали трафики интернет ва интерфейси қулайу бароҳат бо се забон дорад. Фарқияти асосии он аз дигар браузерҳо дар он аст, ки Dodaho маълумот дар бораи корбаронро ҷамъоварӣ намекунад… Сиёсати мо аз Google, Opera, Yandex тафовут дорад.

“Минбаъд дар нақша дорем, ки email-и худро боз кунем ва сипас бақайдгирии аккаунт имкон дорад, илова бар ин харитаи шаҳри Душанбе ва хатсайри автобусу тролейбусҳоро рақамӣ мекунем”, – мегӯяд муаллиф.

Таҳиягарон ба комёбии лоиҳа бовар дошта, мутамаинанд, ки маҳсулоти онҳо дар бозор корбарони худро пайдо мекунад.

“Ба муваффақ шудани лоиҳа боварии комил доштем, зеро мушкилии мубрамро ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим гузоштему ҳал кардем. Чунки ҳамаи нозукиҳои кишвар ба мо нисбат ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар маълум буда, ҳалли ин мушкилот барои мо фаҳмост”, – изҳор мекунад Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа бунёди майдон барои ақидаҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва робототехника мебошад, ки ба эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолии кишвар равона шуда бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...