10,5 сол зиндон барои Далери Имомалӣ. Талаби прокурор барои рӯзноманигор

Прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Суд талаб намудааст, ки  Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшудаи тоҷик, ба 10,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ин расона бо такя ба манбаъи худ иттилоъ медиҳад, ки “талаби айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми октябр ва дар мурофаи дувуми Далери Имомалӣ садо дод”. “Мурофиаи […]

Прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Суд талаб намудааст, ки  Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшудаи тоҷик, ба 10,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин расона бо такя ба манбаъи худ иттилоъ медиҳад, ки “талаби айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми октябр ва дар мурофаи дувуми Далери Имомалӣ садо дод”.

“Мурофиаи Далер ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Додситон талаби худро эълон кард ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринро ироа мекунад. Баъд аз он додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад,” – менависад расона.

Дар хусуси вокуниши Далери Имомалӣ ба талаби прокурор иттилоъ дода намешавад, танҳо зикр мегардад, ки шояд дар мурофиаи навбатӣ рӯзноманигор сухани охирини худро иброз кунад.

Мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигор ва блогнависи шинохта 7-уми октябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) оғоз шуд. Судяи парвандаи мазкур Даврон Назарзода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) ва  307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.