Қатар мизбони “Ҷоми Осиё-2023” оид ба футбол интихоб шуд

Имрӯз Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) қарори ниҳоияшро ба тасвиб расонид, ки тибқи он “Ҷоми Осиё-2023” моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё, Раиси AFC Шайх Салмон дар ҷаласаи 11-уми Кумитаи иҷроияи AFC раиси Федератсияи футболи Қатарро бо қабули мусобиқаҳои “Ҷоми Осиё-2023” табрик гуфтааст. “Иқтидори Қатар ва таҷрибаи пешқадам […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) қарори ниҳоияшро ба тасвиб расонид, ки тибқи он “Ҷоми Осиё-2023” моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё, Раиси AFC Шайх Салмон дар ҷаласаи 11-уми Кумитаи иҷроияи AFC раиси Федератсияи футболи Қатарро бо қабули мусобиқаҳои “Ҷоми Осиё-2023” табрик гуфтааст.

“Иқтидори Қатар ва таҷрибаи пешқадам дар баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддии масъулини ин кишвар боиси таҳсин аст”, – гуфтааст Шайх Салмон.

Раиси AFC гуфтааст, итминон дорем, ки Қатар минбонии арзандае хоҳад дошт, ки ба нуфузи Ҷоми Осиё мувофиқат мекунад.

Ин мусобиқа бояд тобистони соли оянда дар Чин баргузор мешуд, аммо бо сабаби вазъи вазнини эпидемиологӣ, кишвари Чин маҷбур шуд, ки аз баргузории “Ҷоми Осиё-2023” даст кашад.

Ҳамин тавр, Австралия, Индонезия ва Кореяи Ҷанубӣ барои баргузории “Ҷоми Осиё-2023” таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд, вале ҳамаи ин кишварҳо дархостҳои худро бозпас гирифтанд.

Гуфта мешавад, Чин бар ивази саркашӣ аз мизбонии “Ҷоми Осиё-2023” аз мизбонии “Ҷоми Осиё-2027” низ маҳрум карда шуд.

Ба эҳтимоли зиёд Арабистони Саудӣ мизбони “Ҷоми Осиё-2027” хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Қатар мизбони Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 аст, ки он мусобиқа аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.