Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат додааст.
Аз дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки вазири маориф, ҳамроҳи муовинонаш рӯзи 13 –уми октябр аз ин муассисаҳо дидан кардааст.
Ба таъкиди манбаъ, дар ҷараёни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, бавижа захира накардани маводи хӯрокворӣ барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулияти кӯдакон, дуруст истифода нашудани заминҳои назди муассиса, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки зимни боздиди роҳбарияти вазорат ба мушоҳида расиданд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар мактаби №42 маълум гардид, ки корҳои тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд.
“Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қуттиҳои партов ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расиданд”, – гуфт манбаъ.
Аз вазорат гуфтанд, ба роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта як ҳафта муҳлат дода шуд.
“Дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳо нисбати директорон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия чораи зарурӣ андешида мешавад”,- гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.


