Шамол, борон ва ҳавои сард. Ҳушдори Агентии обуҳавосанҷӣ

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои ноустувор дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Панҷакент, Айнӣ, кӯҳҳои Мастчоҳ, Ағбаҳои Шаҳристону Анзоб, Искандаркӯл ва ноҳияи Варзоб, водии Ҳисор, навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Ҷиргитол дар назар дошта шудааст. Инчунин, ҳавои шадиди ноустувор дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон […]

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои ноустувор дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Панҷакент, Айнӣ, кӯҳҳои Мастчоҳ, Ағбаҳои Шаҳристону Анзоб, Искандаркӯл ва ноҳияи Варзоб, водии Ҳисор, навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Ҷиргитол дар назар дошта шудааст.

Инчунин, ҳавои шадиди ноустувор дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон низ ҳукмфармо хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки бар асари ворид шудани ҳавои сард аз қаламрави Аврупоии Русия дар аксари ноҳияҳои вилояти Суғд паст шудани ҳарорати рӯзона то 8 – 10 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар боқимондаи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ, ҳарорати ҳаво 6 – 8 дараҷа паст мешавад.

Дар маҷмӯъ, 19 октябр дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ боришот дар назар дошта шуда, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ боришоти шадид ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа гарм шудани шамоли ғарбӣ дар назар аст.

Дар ҷануби вилояти Хатлон туфони чангу туман ва бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел дар назар дошта шуда, якбора болоравии сатҳи об дар назар аст. Дар дарёҳои Исфара, Ёхсу, Қизилсу (чануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор чорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.