Умедҷон Ҷабборов, муттаҳам ба ғорати ҳамсари Александр Градский ба 8 соли зиндон маҳкум гардид

Додгоҳи шаҳри Маскав Умедҷон Ҷабборов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро, ки ба ғорати 100 миллион рубл пули нақди ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский айбдор мешуд, ба 8 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба ТАСС хабар медиҳад. Умедҷон Ҷабборов зодаи ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич аст ва пеш аз боздошт […]

Додгоҳи шаҳри Маскав Умедҷон Ҷабборов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро, ки ба ғорати 100 миллион рубл пули нақди ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский айбдор мешуд, ба 8 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба ТАСС хабар медиҳад.

Умедҷон Ҷабборов зодаи ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич аст ва пеш аз боздошт дар яке аз ширкатҳои колорасонӣ дар Маскав кор мекард.

Марина Градская, ҳамсари Александр Градский, рӯзи 16-уми январи соли равон ва ду моҳ баъди марги шавҳараш, дар наздикии хонааш, дар ноҳияи Наро-Фоминск дар Маскав мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва ҷабрдида ғоратгаронро ба хонааш бурда, 100 миллион рубл додааст.

Ин зан аз рӯи ҳодисаи мазкур ба додгоҳи Маскав шикоят карда буд ва дар пайи ин ариза Умедҷон Ҷабборов, ки мехост аз Русия ба Қазоқистон равад, дар як истгоҳи метрои Маскав дастгир гардид.

Гуфта мешавад, ғоратгарони дигар, ки дар ин қазия шарик буданд, баъди тақсими маблағ аз Русия фирор карданд. Тафтишот бар ин бовар аст, ки онҳо дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Ҳамин тавр, Умедҷон Ҷабборов ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷои истиқомати ҷабрдида Александр Градский ва дигар ҷузъиёти ҳаёти шахсии ӯ машғул будааст.

Умедҷон Ҷабборов қисман ба гуноҳаш иқрор гардида, ба додгоҳ гуфтааст, шарикони дигараш ӯро фиреб доданд. Ӯ баёнот додааст, ки яке аз шариконаш ду сол пеш ҳам Александр Градскийро, ки он вақт зинда буд, ғорат кардааст, вале овозхон он вақт аз тарси ҷони зану фарзандони хурдсолаш ба пулис шикоят накардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ қисман ба гуноҳ иқрор шудани Умедҷон Ҷабборов ва кӯдаки ноболиғ доштанашро, ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, ба назар гирифта, ҳукм содир кардааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Умедҷон Ҷабборов даҳ соли зиндон талаб карда буд.

Аммо, бар изофаи даъвои 100 миллион рубл пули нақд аз ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский, додгоҳ гуфтааст, Умедҷон Ҷабборов узви як гурӯҳи ҷиноие буд, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав ташкил ёфтааст.

Додгоҳи Маскав нисбати Умедҷон Ҷабборов мутобиқи қисми 4 моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия дар “роҳзанӣ” исбот кардааст ва ба номбурда адои ҷазо ба мӯҳлати 8 солу 2 моҳ ҳукм баровардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.