15 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “ҲАЯТ” маросими хатм ва тақдими шаҳодатномаҳо барои 154 хатмкунандагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз рӯйи барномаҳои хазинадорӣ, забони англисӣ барои наврасон, забони англисӣ барои муошират, маркетинги рақамӣ ва дигар барномаҳои компютерӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, сафир Қозидавлат Қоимдодов ва дигар роҳбарону намояндагони оҷонсиҳову шарикони рушд, инчунин хатмкунандагони ММКД ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) Қозидавлат Қоимдодов суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони маросим ва шарикони рушд, инчунин сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати мусоидат намудан, изҳори сипос намуданд. Мавсуф қайд кард, ки “имрӯз Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар 30 давлати дунё амал карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, фаъолияти худро зиёда аз 25 сол давом дода истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки 25 майи соли 1995 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) Созишномаи Ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар асоси Созишномаи мазкур AKDN ва хадамотҳои он дар қаламрави кишвар фаъолияти худро дар самтҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври самаранок ва ҳамчун шарики стратегии давлат ба роҳ монда истодаанд”.
Сафир илова намуд, ки имрӯз аксарият шоҳиданд, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин лоиҳаи байналмиллалӣ чӣ аз тарафи AKDN ва чӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расиданд. Банда чун аъзои гурӯҳи корӣ оиди таъсиси ин донишгоҳ шоҳиди он заҳматҳои зиёд ҳастам. Моҳи сентябри соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир баробари бомаром амалӣ намудани ислоҳоти ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар ҷодаи ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ки имрӯз фаъолияти худро дар асоси барномаҳои байналмилалӣ оғоз мекунад, саҳифаи нав дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад”. Бояд зикр намуд, ки пас аз имзо ва гузоштани санги таҳдоб дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, Норини Қирғизистон, Текелии Қазоқистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ин лоиҳаро “беҳтарин иқдоми байналмилалӣ” дар манотиқи Осиёи Марказӣ номбар кард. Ҳамзамон, Роҳбарияти Олии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ҳангоми имзои Созишнома муҳтавои ҳамаи таманниётро ҷамъбаст менамояд: “Дар баробари бунёди фазои зеҳнӣ ва захираҳо ин Донишгоҳ имкон медиҳад куҳҳое, ки мардумон ва марзҳоро ҷудо мекунанд, ба занҷири васли одамон ва иқисоди минтақаро бо саъйи баланд бардоштани некуаҳволӣ равона кунад”.
Қозидавлат Қоимдодов афзуд, ки “Пешвои миллат дар паёмҳояшон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонону наврасонро ба омӯхтани илму дониш ва маърифатнокӣ пайваста даъват менамоянд. Зеро дар ҷаҳони муосир ва оянда тақдири миллатро аз дараҷаи донишомӯзӣ баҳо додан мумкин аст ва барои ҳали ин масъала фаъолияти босамари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зарур аст. Чунки вазифаи Донишгоҳи мазкур ин мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҷамоатҳои кӯҳистонии он, тавассути пешниҳоди стандарти эътирофшудаи умумиҷаҳонии маълумоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои аҳолии ин минтақа, ҷиҳати нигоҳ доштани мероси ғании фарҳангии худ, ҳамчун сармояе барои оянда, мебошад. Ин мактаб ҳамчун барномаи нахустини таълимӣ дар соли 2006 таъсис ёфт ва имрӯз ин муассиса дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалин муассисаҳои пешниҳодкунандаи барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни дур шудан аз корҳои асосӣ пешкаш менамояд”.
Хурсандиовар он аст, ки ин мактаб имрӯз, зиёда аз 200.000 донишҷӯёнро дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва беш аз 100.000 донишҷӯёнро дар Тоҷикистон фаро гирифтааст. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор то ба имрӯз 16-то Маркази омӯзишӣ дар 4 кишвар дорад: дар Тоҷикистон 6 марказ (2 Хоруғ; 3 Душанбе; 1 Бохтар); Ҳоло ММКД дар Тоҷикистон барои ифтитоҳи расмии маркази таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ дида истодааст. Ин муассисаи таълимӣ то ба имрӯз зиёда аз 450 курсҳоро дар 60 барнома ва дар 9 соҳаи таълим рушд додааст ва аз ҷумлаи 300 кормандон дар умум, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони давлат мебошанд, 190 корманди доимии мактаби мазкур мебошанд. Дар шаҳри Душанбе аз соли 2008, яъне аз давраи таъсисаш дар 3 маркази Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор беш аз 53 ҳазор донишҷӯён онро хатм намудаанд.
Ҳангоми баромад сафир Қоимдодов ба ҷавонону наврасони хаткунанда таъкид намуданд, ки “набояд фаромӯш созем, ки маҳз фазои сулҳу ваҳдати Ватани маҳбубамон барои таъсис ва фаъолияти дарозмуддати ташкилотҳо ва институтҳои гуногуни байналмилалӣ дар Тоҷикистон заминаи бунёдӣ гузошта истодаанд. Ва барои насли бонангу бономуси имрӯзу фардои миллати тоҷик дар ин давраҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ вазнину мушкил, яъне бархурди манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, муноқишаҳои мусаллаҳона миёни ҳамсоякишварҳо, буҳронҳои моливу дипломатӣ, ташаккулу густариши гуруҳои тундгарову иғвоангез, заифшавии ҳуввияти фарҳангӣ ва тағйирёбии низоми идоракунии якақутбии ҷаҳонӣ аз даст надодани зиракии сиёсиву ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ, ҳисси баланди Ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва пос доштани волоияти қонун ва Ваҳдати миллӣ беш аз пеш заруру ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад. Новобаста аз он ки дар куҷо кору зиндагӣ мекунем бояд ҳар яки мову шумо пайваста талош намоем, ки беҳтарин хислатҳоро дар худ такмил диҳем, то беҳтарин шаҳрванди кишвар бошем. Сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем, эҳтиром намоем ва дар раванди таҳкиму тақвиятбахшии он шаҳрванди сулҳпарвару ва дурандеш бошем”.


