Раёсати КДАМ дар Суғд: “Амалҳои иғвоангези Қирғизистон идома дорад”

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад,  ки сарфи назар аз имзои Протоколи № 42  аз 25-уми сентябри соли 2022 ва созишномаҳои батавофуқрасидаи дигар, ҷониби Қирғизистон иқдомоти барқасдонаи худро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар марз идома медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Раёсати корҳои […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад,  ки сарфи назар аз имзои Протоколи № 42  аз 25-уми сентябри соли 2022 ва созишномаҳои батавофуқрасидаи дигар, ҷониби Қирғизистон иқдомоти барқасдонаи худро бо ҳадафи ташдиди авзоъ дар марз идома медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Раёсати корҳои дохилии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд зикр гардидааст, ки "амалҳои иғвоангезонаи бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла омода намудани мавқеъҳои тирпарронӣ, сохтани хандакҳо ва сангарҳо, идомаи интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ба хати марз ва нақзи мунтазами ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, ки ба ноором кардани вазъ равона шудааст, далели равшани нақшаҳои муғризонаи ҷониби Қирғизистон мебошад".

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур кардаанд.

"Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022, далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба манотиқи марзӣ, ҳолатҳои латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, сангпартоӣ ба хонаву автомошинаҳои онҳо, инчунин ташкили постгоҳҳои назоратии ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд", – гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати КДАМ дар Суғд.

Хабар такмил меёбад

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.