Маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Бар асари бориши зиёди барфу борон шаби гузашта дар масири роҳи Душанбе- Чаноқ, дар километрҳои 154 – 160 баландии барф зиёд гардидааст. Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад, хабар медиҳад. “Кормандони филиали ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари бориши зиёди барфу борон шаби гузашта дар масири роҳи Душанбе- Чаноқ, дар километрҳои 154 – 160 баландии барф зиёд гардидааст. Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад, хабар медиҳад.

“Кормандони филиали ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт давом дорад”, – афзудааст манбаъ.

Ин ширкат дар идома гуфтааст, ки бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзан маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳиш кардааст, ки моҳияти онро дарк намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.