Қариб мисли Дубай. Муаррифии нақшаи сохтмони иншооти соҳили Сирдарё

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии нақшаҳои муфассали сохтмони зиёда аз 100 иншооти гуногун баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар медиҳад. Сохтмони иншооти мазкур ҳоло оғоз нашудааст.

Гуфта мешавад, нақшаи сохтмони иншооти нав ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муаррифӣ шуд.

Онҳо бо лиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлол бунёд мешаванд, шинос шуданд.

Ба масъулини шаҳрсозӣ, ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ ва ба инобат гирифтану сохтани он бо зеббахшии санъати меъмории миллӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар маросими муаррифӣ зикр шуд, ки тарҳи биноҳо аз даромади шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба нақшаи генералӣ тартиб дода шудаааст, Аз ҷумла дар мавзеи варзишгоҳи «Спартак» нақшаи муфассали ҷойгиршавии 21 адад биноҳои 16 ошёна бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию тафреҳӣ муаррифӣ карда шуд.

Аз буриши кӯчаҳои Шарқу Гагарин ва буриши кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ в Гагарин нақшаи муфассали бунёди силсиламаҷмааи ширкати ватании «Элит сохтмон» муаррифӣ карда шуд, ки бо тарҳи муосир ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд силсилаи биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншооти варзишӣ меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою тиҷорат сохта мешавад.

Ҳамчунин лоиҳаҳои якчанд муассисаҳои маориф, аз ҷумла мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоишон кам низ  муаррифӣ карда шуданд.

Зикр мегардад, ки дар қаламрави сохтмони иншооти нав васеъкунии роҳу ободонии худи қаламрав, чароғонкунии кӯча, кабудизоркунии муҳити атроф ва назардошти талаботи шабакаҳои коммуналӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...