Пас аз як моҳи сафарбарсозӣ билетҳои ҳавопаймо аз Русия арзон шуданд

Asia-Plus

Нархи миёнаи билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба хориҷи кишвар дар давраи аз 21 то 31 октябр дар муқоиса бо давраи рӯзҳои 21-30 сентябри соли равон зиёда аз 25% поин рафт, хабар медиҳад РБК бо истинод ба сервиси онлайн фурӯши билетҳои Tutu.ru.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда ба нархи миёнаи билетҳои фармоишӣ (брон) бо парвоз аз ҳамаи шаҳрҳои Русия сарфи назар аз рӯзи анҷоми расмиёти он асос ёфтааст.

Дар ширкат илова намудаанд, ки мусофирон кӯшиш мекунанд, ки билетро ба рӯзҳои наздики сафар харанд.

Агар дар охири моҳи сентябр билет ба Арманистон ба як самт ба ҳисоби миёна 58 ҳазор рубл нарх дошт, пас охири моҳи октябр он 66% – то 20 ҳазор рубл арзон шуд. Парвозҳо ба Озарбойҷон ва Беларус дар давоми як моҳ тақрибан аз се як ҳисса арзон шуданд.

Охири моҳи сентябр нархи билети ҳавопаймо ба Озарбойҷон ба ҳисоби миёна 39 ҳазор рублро ташкил дода, айни замон – 27 ҳазор рубл нарх дорад. Як моҳ пеш арзиши билет ба Беларус 14 ҳазор нарх дошта, ҳозир бошад, бо 9 ҳазор парвоз кардан мумкин аст.

Нархи билетҳо ба Қирғизистону Туркия ва Исроил аз чор як ҳисса поин рафтанд: масалан, арзиши миёнаи парвоз ба самти Туркия аз 58,9 то 45,1 ҳазор рубл, ба Қазоқистон – ба андозаи 18% (аз 32 то 27 ҳазор рубл) ва Тоҷикистон – 16% (аз 32,9 то 27,7 ҳазор рубл) кам шуд.

Охири моҳи сентябр пас аз эълони қисман сафарбарии захираҳои эҳтиётӣ ба артиш дар Русия, шумори ба кишварҳои хориҷи наздик рафтани шаҳрвандони ин кишвар афзуд. Афзоиши бесобиқаи талабот ба он оварда расонид, ки рӯзи 21 сентябр билетҳо ба хатсайрҳои мустақим ба кишварҳои ҳамсояи бераводид ба охир расид. Дар муқоиса бо нимаи моҳи сентябр нархи билетҳо бамаротиб боло рафт. Масалан, арзиши билет ба ҳавопаймо аз Маскав ба Тошканд дар рӯзи 26 сентябр барои як самт 322,5 ҳазор рублро ташкил медод.

Айни замон дар сервиси Aviasales низ ба эътидол омадани нархи билетҳои ҳавопаймо дар охири моҳи октябр тасдиқ мешавад.  Шоми рӯзи 19 октябр дар сомонаи сервис билети ҳавопаймо аз Маскав ба Истанбул барои рӯзи 23 октябр 20 ҳазор рубл нарх дошт. Нархи билет ба хатсайри мустақим аз Маскав то Ереван ба ҳамин рӯз 11 ҳазор рубл ва ба Тошканд – 24 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...