136 ҷойи корӣ бо 2500 сомонӣ музди меҳнат. Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи навро ифтитоҳ кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ду коргоҳи истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва микросементро ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, коргоҳҳои нави истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” – солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, технологияи коргоҳ аз кишварҳои мутараққӣ ворид карда шуда ва аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаааст.

Ба иттилои масъулин, варақаҳои гаҷӣ дар марҳилаи аввал бо андозаи 1,20 ба 2,5 метр ва ғафсии 9,5 миллиметр истеҳсол мешаванд, ки асосан барои сақфи иншооти гуногун пешбинӣ гардидаанд.

Коргоҳи “Нурсоз” қодир аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ ва дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода кунад.

Таъкид мешавад, ки коргоҳи мазкур бо дарназардошти истифодаи ашёи табиӣ, ба саломатӣ безарар буда, ивазкунандаи воридот мебошад.

Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи дигари истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, ба истифода додааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.

“Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид”, – менависад манбаъ.

Таъкид мешавад, коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус аст, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло бо як сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...