136 ҷойи корӣ бо 2500 сомонӣ музди меҳнат. Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи навро ифтитоҳ кард

Имрӯз, 24-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ду коргоҳи истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва микросементро ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад. Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, коргоҳҳои нави истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак дар […]

Имрӯз, 24-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ду коргоҳи истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва микросементро ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, коргоҳҳои нави истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” – солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, технологияи коргоҳ аз кишварҳои мутараққӣ ворид карда шуда ва аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаааст.

Ба иттилои масъулин, варақаҳои гаҷӣ дар марҳилаи аввал бо андозаи 1,20 ба 2,5 метр ва ғафсии 9,5 миллиметр истеҳсол мешаванд, ки асосан барои сақфи иншооти гуногун пешбинӣ гардидаанд.

Коргоҳи “Нурсоз” қодир аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ ва дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода кунад.

Таъкид мешавад, ки коргоҳи мазкур бо дарназардошти истифодаи ашёи табиӣ, ба саломатӣ безарар буда, ивазкунандаи воридот мебошад.

Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи дигари истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, ба истифода додааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.

“Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид”, – менависад манбаъ.

Таъкид мешавад, коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус аст, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло бо як сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.