Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард. Ӯ бори сеюм котиби генералии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябр ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки ба муҳлати сеюм котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд, барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки дубора интихоб гардидани ӯ ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланд ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонааш ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

“Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки “бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонид”.

“Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям»”, – зикр мешавад дар фарҷоми барқияи табрикӣ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 22 октябр дар Анҷумани ХХ Ҳизби коммунисти Чин раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин маротибаи сеюм пайдарпай котиби генералии ҳизб интихоб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...