“Омӯзгорро дашном дод”. Рафтори писар боиси аз вазифа озод гардидани падар шуд

Рустам Иброҳимов ва Маҳбуба Фатоҳова, директор ва муовини директори мактаби №17-и ноҳияи Фархор, дар робита ба навори дағалонаи як хонанда аз вазифа озод гардиданд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин навор ҳафтаи  гузашта дар канали «ParvizTV» нашр шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рустам Иброҳимов ва Маҳбуба Фатоҳова, директор ва муовини директори мактаби №17-и ноҳияи Фархор, дар робита ба навори дағалонаи як хонанда аз вазифа озод гардиданд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин навор ҳафтаи  гузашта дар канали «ParvizTV» нашр шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар навор дар рафти дарс хонанда омӯзгорро дашном ва суханони қабеҳ мегуфт.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки баъд аз нашри навор, бо дастури Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, навори мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудаааст ва шахсияти хонанда муайян гардидааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян кардааст, ки “қаҳрамон”-и навор хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фархор, ҳамзамон, фарзанди директори ҳамин муассиса Рустам Иброҳимов буда, ҳолати мазкур 6-уми октябр дар рафти дарси забон ва адабиёти тоҷик бо омӯзгори дарсдиҳанда Миҷгона Сафарова рух додааст.

"Дар натиҷа бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор директори муассиса Рустам Иброҳимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳбуба Фатоҳова аз вазифа озод гардиданд",- омадааст дар хабарномаи вазораи маориф.

Ҳамчунин, нисбати мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати беназоратӣ ва дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид.

Нисбати хонандаи мактаб аз ҷониби масъулини хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор мавод тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори интизомӣ дар баррасӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.