Эрдуғон гуфт, пӯшидани ҳиҷоб дар Туркияро ба раъйпурсӣ гузоранд

Меҳрофарин наҷибӣ,Asia-Plus

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пешниҳод кардааст, ки масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо аз сӯи занон ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуда, ба қонуни асосии ин кишвар ворид гардад. Дар ин бора Еuronews бо такя ба суханронии раисиҷумҳур тавассути шабакаи телевизионии ТРТ хабар медиҳад.

Эрдуғон рӯзи 22-юми октябр дар бораи ироаи тарҳи қонуни мазкур ба порлумон гуфтааст, бигзор ҳуқуқи занон ба пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад ва мардум тасмими ниҳоиро бигиранд.

Ӯ ин пешниҳодро дар вокуниш ба изҳороти Комил Киличдоруғлу, раҳбари Ҳизби Халқии Ҷумҳурихоҳ (ҲХҶ), ки муътақид аст, дар ин кишвар бояд қонуне ба тасвиб бирасад, ки ҳаққи пӯшиши ҳиҷобро кафолат диҳад, то назарҳои духӯра рафъ шаванд, баён дошт.

Эрдуғон дар муроҷиат ба Камол Киличдароғлу гуфтааст, “агар ҷуръат доред, биёед, инро ба як раъйпурсӣ гузорем, бигзор миллат дар ин бора тасмим бигирад”.

Аммо Қиличдароғлу тарҳи баргузории раъйпурсиро рад карда ва Эрдуғонро муттаҳам намудааст, ки ба Виктор Орбан, раҳбари миллатгароёни Маҷористон пайравӣ мекунад.

Қаблан Эрдуғон пешниҳод карда буд, ки ба Қонуни асосӣ ислоҳот ворид шавад, то ҳуқуқи занон дар пӯшидани либоси мусалмониро кафолат диҳад.

Бояд гуфт, дар Туркия, ба далели қонуни асосии дунявӣ, пӯшидани рӯймол дар муассисаҳои давлатӣ муддати тӯлонӣ мамнӯъ буд. Аммо дар соли 2013 ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон бисёре аз ин маҳдудиятҳоро лағв кард.

Эрдуғон аксар вақт худро раисиҷумҳури тарафдори мусалмонон мехонад ва борҳо дар назди элитаҳои дунявии Туркия иддао кардааст, ки агар ӯ намебуд, маҳдудиятҳои зиёде алайҳи мусалмонон то ба ҳол боқӣ мемонд.

Баҳси пӯшидани ҳиҷоб ахиран дар Туркия, дар наздикии интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва порлумонӣ доғ шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ як ҳаракат ё созмони сиёсӣ дар ин кишвар, то кунун дар бораи “мамнӯъияти ҳиҷоб” ҳарф назадааст.

Дар Туркия ҳизби ҳокими “Адолат ва рушд” қаблан борҳо талош карда буд, ҳадди аққал мамнӯъияти пӯшидани ҳиҷобро дар донишгоҳҳо лағв кунад, аммо Қонуни асосии ин кишвар дар моҳи июли соли 2008 ин талошҳоро ҷилавгирӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...