Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад

Имрӯз, 24-уми октябр, дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар боридани барфу борон пешбинӣ мегардад. Дар ин бора оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм дар назар аст. Ин ниҳод […]

Имрӯз, 24-уми октябр, дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар боридани барфу борон пешбинӣ мегардад. Дар ин бора оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм дар назар аст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қисман боридани борон пешгӯӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф оҳиста меборад.

“Аммо ҳарорат дар водиҳо шабона то 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона то 10+15 дараҷа гармӣ мерасад”, – гуфтааст Оҷонсии обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, вазъи имрӯзаи ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф пешбинӣ мешавад.

“Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад”, – гуфтааст оҷонсӣ.

Ҳамин тавр, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борону барф дар назар буда, дар водиҳо танҳо боридани борон пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ин ниҳод афзудааст, дар вилояти Хатлон низ дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.