“Фурсати донистан”: Шикояти маъмурӣ ба мақомоти судӣ чӣ гуна пешниҳод карда мешавад?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи шикояти маъмурӣ дар мақомоти судиро ба баҳс кашиданд.

Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби мурофиавии баррасӣ ва ҳалли баҳсҳоро вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки қонун пешбинӣ мекунад, аз ҷониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баҳсҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз қонун бармеоянд, баррасӣ карда мешаванд.

Кадом баҳсҳо метавонанд дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ баррасӣ шаванд ва ба кадом сурат?

Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд баҳсҳои зерин метавонанд баррасӣ гарданд:

– мутобиқати санади ҳуқуқии маъмурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба ҷуброни зарар;

– ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади маъмурӣ ё анҷомдиҳии ягон амали дигар тибқи расмиёти маъмурӣ.

Даъво бояд ба суде пешниҳод карда шавад, ки барои баррасӣ ва ҳалли парвандаи маъмурӣ салоҳият дорад.

Дар сурати вайрон гардидани қоидаҳои тобеияти судӣ суд даъворо ба суд аз рӯи тобеият ирсол намуда, дар ин бора даъвогарро огоҳ менамояд.

Баҳси байни судҳо оид ба тобеяти судӣ бо таъиноти асосноки суди зинаи болоӣ ҳал карда мешавад.

Даъвогар ӯҳдадор аст даъвои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад. Ҷавобгар ӯҳдадор аст эродҳои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад.

Ӯҳдадории исбот дар сурати пешниҳод гардидани даъво беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба зиммаи ҷавобгар вогузор мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадоранд бо талаби суд ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои баррасӣ ва ҳалли парванда заруриро ба суд пешниҳод кунанд.

Мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суди зинаи аввал ва намудҳои даъво:

-даъво оид ба беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-даъво метавонад бо талаби беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад;

-даъво оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-даъво оид ба анҷомдиҳии амалҳо;

-даъво оид ба эътироф намудан;

Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад.

Амали санади ҳуқуқии маъмурӣ боздошта намешавад, агар:

ин ба ворид намудани андозҳо, боҷҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ вобаста бошад;

– он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...