Ифтитоҳи даҳҳо иншоот дар Хатлон дар ҷараёни сафари президент ба ин минтақа

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон боздид намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ӯ майдони Нишони давлатиро боз намуда, ба сохтмони маҷмааи “Модару кӯдак”, ки дар он беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат ва маркази саломатии ноҳиявӣ ҷойгир карда мешаванд санги асос гузошт.

Барои бунёду таҷҳизонидани бинои мазкур Бонкии осиёии рушд 4 млн 447 ҳазор, аз ҷумла барои сохтмон 3 млн 415 ҳазор доллар (34 млн сомонӣ) маблағ ҷудо кардаст.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон аз аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” боздид намуда, дар ҷорабиниҳои бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки дар боғи мазкур баргузор гардид, иштирок кард.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарвари давлат инчунин дар маросими ифтитоҳи Биноҳои Кумитаи идораи замин, Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҳузур дошт.

Баъдан президент ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуда, дар роҳи байналмилалии “Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин” пули мошингузарро мавриди истифода қарор дод. Дарозии масофаи пул 140 ва паҳноиаш 10 метр буда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.

Иншооти мазкур дар асоси Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Кӯлоб қитъаи А”, “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” аз ҷониби пудратчии асосӣ – Филиали ҶДММ “Муҳандиси сохтмонии Синтзян” аз 22 феврали соли 2018 амалӣ гашта, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

То имрӯз рафту омади воситаҳои нақлиёт бо роҳи муваққатӣ сурат мегирифт, ки он хароҷоти иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамуд. Ба хусус дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ин қитъаи роҳ ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт мушкил буд.

Ёдрас мешавад, ки 11 сентябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғоз бахшида буд.

5 октябри соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карда буд. Ин роҳ дар ҷануби ҷумҳурӣ ҷойгир буда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанберо бо шаҳри Кӯлоб, нохияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин наздик месозад ва, яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути ВМКБ мебошад.

Сипас президент оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек кард.

Дар шаҳри Кӯлоб сарвари давлат инчунин биноҳои Кумитаи идораи замини минтақа, бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, инои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ, бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки сарвари давлат Маҷмааи “Дуои Модар” мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шудаааст.

Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-ро ифтитоҳ карда, дар қитъаи замини муассисаи мазкур ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб барои 1240 ҷой оғоз бахшид.

Дар Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии ҶДММ “Сувайба-2014”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корхона дар марҳилаи аввал парвариши 12 ҳазору 500 сар чӯҷаро ба роҳ монда, имконият дорад, ки дар як сол 150 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол намуда, ин нишондод бо ба истифода додани марҳилаҳои баъдӣ афзоиш хоҳад ёфт.

То соли 2023 шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди корхона ба 4 адад расонида мешавад, ки ба ин васила истеҳоли гӯшти парҳезӣ дар як сол ба 600 тонна баробар мегардад. Ба ин васила саршумори чӯҷа дар корхонаи “Сувайба-2014” то 50 ҳазор сар расонида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуд. Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...