Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар боридани барфу борон пешбинӣ мегардад. Дар ин бора оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм дар назар аст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қисман боридани борон пешгӯӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф оҳиста меборад.

“Аммо ҳарорат дар водиҳо шабона то 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона то 10+15 дараҷа гармӣ мерасад”, – гуфтааст Оҷонсии обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, вазъи имрӯзаи ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф пешбинӣ мешавад.

“Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад”, – гуфтааст оҷонсӣ.

Ҳамин тавр, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борону барф дар назар буда, дар водиҳо танҳо боридани борон пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ин ниҳод афзудааст, дар вилояти Хатлон низ дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...