Баҳси муҳокимаи рӯзноманигорон дар СИЗО. Намояндаи Суди Олӣ шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар ҳамоише, ки имрӯз, 25-уми октябр, дар Душанбе ҷиҳати муаррифии мониторинги Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” баргузор гардид, муҳокимаи рӯзноманигорони боздоштшуда дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) мавриди баҳси иштирокчиён қарор гирифт.

Хурсандмурод Мирзозода, роҳбари дастгоҳи Суди Олии Тоҷикистон ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба талаботи қонунгузории кишвар оид ба макони баргузории мурофиаи судӣ посухи равашан надод ва танҳо ишора кард, ки “қонунгузор дар ин ё он ҷой гузаштани мурофиаи судиро манъ накардааст”.

Ӯ дар шарҳи суоли мазкур гуфт, аслан мурофиаҳои ҷиноятӣ дар он ҷой (СИЗО дар назар аст-шарҳи муаллиф) мегузарад.

“Вақте, ки теъдоди судшавандаҳо 93 ё 103 нафар буд, мурофиаи ҳамаи онҳоро дар куҷо гузаронанд? Мо ин хел ҷойҳо надорем. Фикр накунед, ки ин ягон баҳона аст. 103 нафар танҳо судшаванда бошанд, тасаввур кунед дар онҷо чӣ қадар шоҳидон, муфатишон, мутахассису коршиносон пурсида мешаванд”,- гуфт Мирзозода.

Номбурда, ба суоли такрории журналистон дар бораи он ки чаро парвандаи чор журналисти тоҷик дар СИЗО баррасӣ гардид, посух надод ва гуфт, ба парвандаҳо ошно нест.

“Агар дар парванда масъалаҳои вобаста ба амнияти давлат бошад, худи мақомоти тафтишотӣ мӯҳри махфӣ мегузоранд”,- гуфт ин мақомдори Суди Олӣ.

Посухи роҳбари дастгоҳи Суди Олӣ дар мавриди муҳри махфӣ доштани парвандаҳо дар ҳолест, ки ба истиснои парвандаи Далери Имомалӣ, ки 10 сол равонаи зиндон шуд, парвандаи рӯзноманигорони дигар, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба 7,5 сол равонаи зиндон шуд ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ, ки ҳоло дар муҳокима қарор дорад, сирри махфӣ надошт, аммо муҳокимаи ҳамаи онҳо дар СИЗО, пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати наздикону пайвадон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вазъи дастрасӣ ба иттилоот дар судҳоро ба чолиш кашида, гуфт, ҷомеаи журналистӣ аз мақомоти судӣ шикояти зиёд дорад.

“Дар масъалаи салоҳияти судяҳо бояд гуфт, ки бисёр дарднок буд, вақте судяе, ки парвандаи муҳимро мебарад, мегӯяд ман дар бораи он парванда маълумот надорам. Ин ба он оварда мерасонад, ки баъзан мо ҳам ба салоҳиятнокии ҳуқуқии беъзе судяҳо шубҳа кунем”, – нигаронӣ кард ин журналисти тоҷик.

Ӯ пешниҳод кард, ки оид ба парвандаҳои пурсарусадо аз ҷониби Суди Олӣ ва ё судяҳои алоҳида нишасти матбуотӣ ё брифинг ташкил карда шавад, то журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ин парвандаҳо маълумоти зарурӣ гиранд.

Ба таъкиди вай, охирин нишасти матбуотӣ барои шарҳи парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров соли 2005 доир гардид ва баъди ин, бо вуҷуди зиёд будани парвандаҳои пурсарсудо чунин иқдом сурат нагирифт.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) низ аз дастрасии иттилоот дар судҳо, махсусан аз Суди Олӣ изҳорӣ нигаронӣ кард ва гуфт, аз 6 дархости журналистие, ки онҳо ба унвонии ин ниҳод ирсол карданд, танҳо ба сетояш посух гирифтанду халос.

Ба таъкиди номбурда, чунин вазъ, дар дигар судҳо низ ба мушоҳида расид.

“Мутаасифона, се қазияи охири журналистон боиси коҳиш ёфтани боварии мардум ба фаъолияти мақомотҳои судӣ шуда метавонад. Баррасии парвандаи рӯзноманигорон дар СИЗО ва пушти дарҳо баставу бидуни ширкати наздиконашон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”-ро зери шубҳа мебарад. Наздикони боздоштшудаҳо ҳатто дар бораи ҳукми суд иттилоъ надоштанд ва аз он тавассути журналистон огоҳ шуданд”,- нигаронӣ кард Нуриддин Қаршибоев.

Мониторинге, ки давоми 2,5 моҳ намояндагони ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гузарониданд, маълум кард, ки вазъи дастрасии иттилоот дар судҳо, дар доираи қонуни мазкур ба роҳ монда нашуда, дар ин самт камбудиҳои зиёд ҷой дорад.

Аз ҷумла, дар бештари сомонаҳои судҳо хабарҳои расмӣ нашр шуда, рубрикаи “ҷадвали мурофиаҳои судӣ”  холӣ аст ва ё дар баъзе сомонаҳо ин иттилоъ дар қисмати хабарҳо ва эълон нашр мешавад.

Набудани ҳалномаи судҳо дар сомонаҳо низ яке аз камбудиҳо дар ин самт мебошад, ки дар асоси қонун дар бораи дастрасии иттилоот дар судҳо бояд дар сомонаҳои судҳои кишвар ҷойгир карда шаванд.

Хурсандмурод Мирзозода сабаби аслии камбудиҳои номбаршударо ба надоштани мутахассисони техникӣ ва иттилоотӣ дар судҳо маънидод кард ва гуфт, кормандони дигар самти мақомоти судиро ба корҳои коммуникатсионӣ ҷалб карда наметавонанд.

“Онҳо кори асосии худро бояд иҷро кунанд. Вале дар нақша ҳаст, ки чунин коршиносон барои беҳтар кардани кори коммуникатсионӣ ҷалб карда шаванд”, – афзуд номбурда.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...