Гузориши намояндаи СММ аз Панҷшер. Ӯ аз бераҳмии Толибон интиқод кард

Ричард Беннет, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид барои Афғонистон ба нақл аз сокинони Панҷшер гуфтааст, ки Толибон* дар ин вилоят ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтарон ва саркӯби шадиди ғайринизомиён пардохтаанд. Беннет ин изҳоротро баъди анҷоми боздидаш аз вилояти Панҷшери Афғонистон дар Твиттери худ навиштааст. Ӯ дар идома афзудааст, ки […]

Ричард Беннет, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид барои Афғонистон ба нақл аз сокинони Панҷшер гуфтааст, ки Толибон* дар ин вилоят ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтарон ва саркӯби шадиди ғайринизомиён пардохтаанд. Беннет ин изҳоротро баъди анҷоми боздидаш аз вилояти Панҷшери Афғонистон дар Твиттери худ навиштааст.

Ӯ дар идома афзудааст, ки бар асоси изҳороти сокинони маҳал, аз ҷумла мардону занони ин вилоят, рафтори Толибон бо асирҳои ҷангии Ҷабҳаи муқовимат низ такондиҳанда аст. Гузоришгари ҳуқуқи башари СММ таъкид кардааст, ки ба ин рафторҳо бояд хотима бахшид ва омилони ин кирдорҳо бояд посухгӯ бошанд.

Ричард Биннет гуфтааст, ки гузоришеро дар робита ба дидаҳо ва мушоҳидаҳояш дар Панҷшерро имрӯз, 26 октябр, дар Маҷмааи умумии СММ ироа хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин, аз шаҳрвандони Афғонистон дархост кардааст, ки аз нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба ӯ ба воситаи аксву наворҳо хабар диҳанд. Беннет гуфтааст, ки ҳувияти шоҳидонро ошкор нахоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам Намояндагии Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA)  гуфта буд, ки ҳайати сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии ин созмон ба Панҷшер сафар карда, дар дидор бо Муҳаммаднасим Нурӣ, волии Толибон дар ин вилоят нигарониҳои амиқи худро дар робита ба ноамнӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Панҷшер таъкид карда буданд.

Намояндагии СММ дар Афғонистон он замон навишта буд, ки  ҳадаф аз сафари ин ҳайат баррасии иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер аст.

Ин ниҳод гуфта буд, ки дар ин самт ба назорати хеш идома хоҳад дод.

Толибон дар Панҷшер ба ин, ки ғайринизомёнро ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ боздошт, шиканҷа ва тирборон кардаанд, муттаҳам мешаванд. Ин гурӯҳ ҳамчунин, ба тирборон кардани асирони Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер айбдор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ахиран ҷангҳои шадид дар вилояти Панҷшер, Бадахшон ва Тахори Афғонистон миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон бо шиддат идома дорад. Наворҳои аз рафти ин ҷанг интишорёфта гувоҳи он аст, ки ҷангҷӯёни Толибон бо бераҳмии хос бо асирону мардуми мулкӣ муносибат мекунанд ва дар ин маврид на фақат роҳбарияти Ҷабҳа, балки расонаҳои бонуфуз ҳам бо нигаронӣ ибрози ақида намудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.