Дар форуми байнулмилалии Петербург тарроҳони тоҷик чӣ гуна либосҳо муаррифӣ карданд?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Форуми байнулмилалии “Содружество моды" (Иттиҳоди мӯд) рӯзи 19 октябр дар кохи Таврический – қароргоҳи Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ маҷмӯи (коллексияи) сарулибоси тарроҳони тоҷик низ муаррифӣ шуд.

Тоҷикистонро Tajikistan Fashion Week бо маҷмӯи сарулибоси тарроҳон Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова ва Садбарг Мадраҳимӣ намояндагӣ карданд.

Ба гуфтаи директори генералии Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов, тамоми маҷмӯи либоси муаррифишуда танҳо аз матои миллӣ дӯхта шуд.

Иброҳимов дар ин ҳамоиш ҳамчунин дар мавзӯи "Баҳори дурахшони 23-юм бо таъми этникӣ" (Яркая весна 23-го с этническим колоритом) маърӯза карда, дар бораи вазъи имрӯзаи саноати мӯд дар Тоҷикистон ва фаъолияти тарроҳону истеҳсолкунандагон дар саноати сабук маълумот дод.

Дар кори форум ҳам бо ҳузури бевосита ва ҳам тариқи реҷаи онлайн 700 нафар намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

“Ин намоишгоҳ аз як сӯ асолати фарҳангҳо ва аз ҷониби дигар таъсири онҳоро ба ҳамдигар таҷассум кард”, – изҳор дошт Иброҳимов.

Чорабинӣ бо шоуи мӯд, ки дар он маҷмӯи нави либоси тарроҳони муваффақ аз кишварҳои ИДМ муаррифӣ шуд, анҷом пазируфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...