Беларус ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон маблағгузорӣ кардан мехоҳад?

Аз рӯи натиҷаҳои форум (ҳамоиш)-и тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Беларус, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе доир гардид, ба маблағи ҳудуди 50 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд. “Қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла мошинсозӣ, металлургия, маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди чӯб, саноати сабук баррасӣ шуданд. Барои бархе ин аввалин вохӯрӣ бо шарикон аст. Ҷустуҷӯи шарикон, ки ҳоло […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои форум (ҳамоиш)-и тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Беларус, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе доир гардид, ба маблағи ҳудуди 50 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд.

“Қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла мошинсозӣ, металлургия, маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди чӯб, саноати сабук баррасӣ шуданд. Барои бархе ин аввалин вохӯрӣ бо шарикон аст. Ҷустуҷӯи шарикон, ки ҳоло мо роҳандозӣ кардаем, ба фикрам, дар оянда натиҷаи хуб хоҳад дод”, – иброз доштааст зимни кори форум раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов.

Дар кори ҳамоиш намояндагони зиёда аз 70 корхонаҳои Беларус иштирок доштанд ва нисфи онҳо дар намоишгоҳи Made in Belarus маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд. Мо талош варзидем бифаҳмем, ки тоҷирони Беларус ҷиҳати маблағгузорӣ бештар ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.

Коркарди ашёи хоми пӯст

Ҷониби Беларус ба Тоҷикистон мутахассисони худро мефиристад, то ки имконоти таъсиси истеҳсолоти муштаракро дар ин соҳа омӯзанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Белта.

Роҳбари корхонаи “Белегпром” Татяна Лугина изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми зиёди ашёи хоми пӯст – 1,5 ҳазор сар чорвои калони шохдор ҳаст, ки пӯсти онҳоро метавон ба сифати мавод истифода кард ва коркарди амиқи онро ба роҳ монд, зеро ҳозир пас аз аз коркарди минималӣ Тоҷикистон онро ба Чин мефиристад.

Коркарди пахта

Тавре ки “Белта” хабар медиҳад, дар “Беллегпром” ҳамчунин сармоягузорӣ ба корхонаҳои коркарди пахта дар Тоҷикистонро мувофиқи мақсад медонанд.

Беларус бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ дошта, пахта ва ришта мехарад. Соли равон ба маблағи 5 млн доллар пахта харида шудааст.

Татяна Лугина таъкид доштааст, ки онҳо дар самти ҳамгироии амиқ дар тиҷорати коркарди пахта, ришта ва дигар маснуот ҳавасманд буда, иштироки Беларус дар ин соҳа фоидаовар хоҳад буд.

Ҳамчунин хотиррасон шудааст, ки айни замон маҳсулоти нассоҷии Беларус – матои истеҳсоли корхонаи “Моготекс” ба бозори Тоҷикистон интиқол меёбад ва барои соли 2023 низ дар ин бора қарордод ба имзо расидааст.

“Ҳамчунин мо созиш ҳосил кардем, ки мутахассисони тоҷики ин соҳа дар “Моготекс” аз давраҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд ва моҳи ноябр ба Беларус меоянд”, – илова кардааст вай.

Таъмин бо техникаи аграрӣ

Ширкати “Агротехсервис” ба Тоҷикистон як қатор модели тракторҳои тамғаи “Беларусь»-и Корхонаи истеҳсоли тракторҳои Минск, аз ҷумла тракторҳои хурдҳаҷм барои кор дар боғу майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонии хурд интиқол медиҳад.

Корхона дар як муддати кӯтоҳ шарики истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ ва намояндаи фурӯш (дилер)-и ҶСК «МТЗ» – тракторҳои «Беларусь», ҶСК «Гомсельмаш» – комбайнҳои ғаллағундорӣ, ҶСК «Бобруйскагромаш» – мошинсозӣ гардид.

Сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо идома меёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.