Риши Сунак сарвазири нави Британия Кабир хоҳад буд

Ришӣ Сунак, як сиёсатмадори ҳиндутабори Британия, раҳбари нави ҳизби муҳофизакори ин кишвар интихоб шуд ва ҳамакнун, интизор меравад, рӯзҳои наздик ба курсии сарвазирии Бритония нишинад. Ӯ дар ин мақом Лиз Трассро иваз хоҳад кард, ки ҳамагӣ панҷ ҳафта тавонист дар курсии сарвазири Британия боқӣ монад ва дар пайи иштибоҳ дар ислоҳоти бахши молияи кишвар ба […]

Asia-Plus

Ришӣ Сунак, як сиёсатмадори ҳиндутабори Британия, раҳбари нави ҳизби муҳофизакори ин кишвар интихоб шуд ва ҳамакнун, интизор меравад, рӯзҳои наздик ба курсии сарвазирии Бритония нишинад.

Ӯ дар ин мақом Лиз Трассро иваз хоҳад кард, ки ҳамагӣ панҷ ҳафта тавонист дар курсии сарвазири Британия боқӣ монад ва дар пайи иштибоҳ дар ислоҳоти бахши молияи кишвар ба истеъфо равад.

Номзадии Риши Сунакро аксари вакилони парлумони Бритония ҷонибдорӣ карданд. Рақиби ӯ ва раҳбари ҷиноҳи муҳофизакорон дар порлумон Пеннӣ Мордонт дар лаҳзаҳои ахир эълом кард, ки аз идомаи рақобат даст мекашад. Пештар аз ӯ, сарвазири пешини Бритония Борис Ҷонсон ҳам номзадияшро бозпас гирифт.

Риши Сунак, сиёсатмадори ҳиндутабори Британия мебошад, ки қаблан дар бахши молияи ҳукумати Борис Ҷонсон фаъолият дошта ва курсии охирине, ки ӯ нишаста буд, роҳбари хазинадорӣ буд.

Волидони Сунак дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ кор мекарданд. Онҳо солҳои 1960 аз Африқои Шарқӣ ба Бритониё муҳоҷир шуданд. Сунак дар бонки сармоягузории "Goldman Sachs" кор кардааст. Ӯ ва ҳамсараш ҳоло дар раддабандии сарватмандтарин сокинони Бритониё дар ҷои 222-юм қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.