Ҳамлаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шиддат меёбанд. Толибон* аз Ансоруллоҳ* кумак хостанд

Толибон барои набард бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Бадахшон аз гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ кумак хостаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо истинод ба манобеи худ дар ин вилоят хабар медиҳад. Ба гузориши ин рӯзнома дар набарди ҳафтаи гузашта миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар минтақаи Шиваи Бадахшон, шумори зиёде аз афроди […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Толибон барои набард бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Бадахшон аз гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ кумак хостаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо истинод ба манобеи худ дар ин вилоят хабар медиҳад.

Ба гузориши ин рӯзнома дар набарди ҳафтаи гузашта миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар минтақаи Шиваи Бадахшон, шумори зиёде аз афроди гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ ширкат доштаанд.

“Ба гуфтаи манобеъ, чанд тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла Сафар, Абуталҳа, Абусаид ва Абуҷаъфар дар набардҳои ахири Толибон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Шиваи Бадахшон кушта шудаанд”, – навиштааст рӯзномаи “8-и субҳ”.

Шива як минтақаи стратегӣ дар вулусволии Арғанҷхоҳи вилояти Бадахшони Афғонистон аст.

Ансоруллоҳ гуруҳи террористиест, ки ҷангҷӯёни он умдатан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳо қаблан дар Сурияву Ироқ низ ҳузур доштанд. Тибқи иттилои расонаҳо, онҳо ҳоло асосан дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон мустақар гардида, бо Толибон ҳамкории зич доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд рӯзи ахир дар вилояти Бадахшони Афғонистон миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ҷангҳои шадид идома дорад.

Ахиран, дар ин ҷангҳо Абдулҳамид Муҷоҳид, яке аз фармондеҳони пешини Толибон дар Бадахшон, ки бо нерӯ ва ҷангафзорҳояш ба Ҷабҳаи муқовамати миллӣ пайваст, дар мавзеи Танг Шиви вулусволии Мойми вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон бо имзои тавофуқнома бо ҳукумати Амрико дар шаҳри Давҳаи Қатар ва ҳамин тавр, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳон ваъда дода буданд, ки аз ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ худдорӣ мекунанд, аммо тавре мушоҳидаҳои як соли ҳукматронии онҳо собит сохт, ин гуруҳи террористӣ ба ҳеҷ ваҷҳ иртиботи худро бо гуруҳҳои террористӣ қатъ накардааст. Ҳузур ва куштори Айман аз-Завоҳирӣ, роҳбари хатарноктарин гуруҳи террористӣ “Ал-Қоида” дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобуд гувоҳи ҳамкории танготанги Толибон бо созмонҳои террористӣ мебошад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.