Алишер Усмонов маблағҳояшро дар куҷо пинҳон кардааст? Ӯ дар рӯйхати таҳримҳо қарор дорад

Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Ғарб шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд. Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal таҳқиқоте нашр кардааст. Ин нашрия менависад, ки миёни онҳое, ки ба офшорҳо маблағ интиқол додаанд – Алишер Усмонов, сарватманди ӯзбектабори Русия, Сергей Чемезов, роҳбари […]

Asia-Plus

Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Ғарб шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд. Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal таҳқиқоте нашр кардааст.

Ин нашрия менависад, ки миёни онҳое, ки ба офшорҳо маблағ интиқол додаанд – Алишер Усмонов, сарватманди ӯзбектабори Русия, Сергей Чемезов, роҳбари "Ростех", Андрей Скоч, вакили Думаи давлатии Русия ва сухангӯи Крем Дмитрий Песков ҳам ҳастанд.

Рӯзноманигорон ошкор кардаанд, ширкати Bridgewaters, ки дар ҷазираи Мэн – наздикии Бритониё қарор дорад, ба сарватмандони Русия кӯмак кардааст, то дороӣ ва сармояашонро пинҳон кунанд ва ба ин тартиб, тарҳримҳои Ғарб ва ИМА-ро давр зананд.

Намояндаи Усмонов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, сарватманд ҳаргиз талоши пинҳонсозии сарватҳояшро накарда ва бо Кремл низ рабте надорад.

Ёдовар мешавем, Алишер Усмонов – олигархи ӯзбектабори Русия зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон буда, мудом ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.