Як оилаи ҷавон дар Суғд ба фурӯши тифли навзод гумонбар дониста мешавад

Дар вилояти Суғд нисбати як оилаи ҷавон ба гумони фурӯши тифли навзоди писари худашон, ки он замон ҳамагӣ 3-рӯза буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ки аз гузориши навори видеоии барномаи “Пайки Суғд” бармеояд ҳамсарон сокинони 27-солаи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен мебошанд. Ин барнома бар асоси маводи парвандаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳия мешавад. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд нисбати як оилаи ҷавон ба гумони фурӯши тифли навзоди писари худашон, ки он замон ҳамагӣ 3-рӯза буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ки аз гузориши навори видеоии барномаи “Пайки Суғд” бармеояд ҳамсарон сокинони 27-солаи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен мебошанд. Ин барнома бар асоси маводи парвандаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳия мешавад.

Ин оила соҳиби як фарзанд буда, пас аз таваллуди тифли дуюм мехостанд, ки ӯро ба ивази 6 ҳазор сомонӣ ба сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фурӯшанд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ онҳо ҳангоми гирифтани пул боздошт шудаанд.

Зимни бозпурсӣ зан мегӯяд, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, нигарон буд, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар хонаи волидонаш чӣ гуна зиндагӣ мекунад.

“Дар аввал ин зан мехост, ки исқоти ҳамл кунад, аммо пас аз муоинаи табиб маълум шуд, ки давраи ҳомиладориаш тӯлонӣ аст, аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки фарзандашро ба як оилаи рӯзгорашон таъмину обод диҳад”, – зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.

Бино ба маълумоти ВКД, айни замон нисбати ҳарду волидон мутобиқи моддаи 167 КҶ ҶТ (Хариду фурӯши кӯдак) парвнадаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар бораи рӯзи дақиқи боздошти онҳо хабар дода намешавад. То замони нашри хабар тамоси телефонӣ гирифтан бо Раёсати ВКД дар вилояти Суғд муяссар нашуд.

Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, имсол ин аллакай ҳодисаи дуюми пешгирии ҳолати фурӯши кӯдак аз ҷониби милитсия аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.