Ӯзбекистон истеҳсоли ҳавопаймои бесарнишин бо Эронро рад кард

Кумитаи давлатии саноати дифоъи Ӯзбекистон хабарҳо оид ба васлу насби бесарнишинҳои Эрон дар қаламрави худро рад кард. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz. хабар медиҳад. Қаблан ровии телевизиони Украина Дмитрий Гордон, иддао карда буд, ки бесарнишинҳои Эрон, ки гуфта мешавад дар муноқишаи низомии Русияву Украина истифода мешавад, дар қаламрави Ӯзбекистон васлу насб мегардад. "Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо […]

Asia-Plus

Кумитаи давлатии саноати дифоъи Ӯзбекистон хабарҳо оид ба васлу насби бесарнишинҳои Эрон дар қаламрави худро рад кард. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz. хабар медиҳад.

Қаблан ровии телевизиони Украина Дмитрий Гордон, иддао карда буд, ки бесарнишинҳои Эрон, ки гуфта мешавад дар муноқишаи низомии Русияву Украина истифода мешавад, дар қаламрави Ӯзбекистон васлу насб мегардад.

"Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шарикони эронӣ силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ тавлид намекунад ва тавлид накардааст", – таъкид кардааст Кумитаи давлатии саноати дифоъ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки нашри ин гуна маълумоти тасдиқнашуда ба ҷомеа маълумоти нодуруст мерасонад ва метавонад ба равобити дӯстонаи Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ осеб расонад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Дмитрий Гордон Ӯзбекистонро дар тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ барои Русия муттаҳам карда буд. Ӯ ин иддаои худро дар ҷараёни сӯҳбати худ бо миллиардери исроилӣ Леонид Невзлин баён дошт.

Баъдан ба ӯ раҳбари ҳизби “Миллий тикланиш”-и Ӯзбекистон Алишер Қодиров посух дод ва гуфт, ки вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифоъ бояд ин ровии украиниро барои узр пурсидан водор намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.