Бозсозии қитъаи асосии роҳи Душанбе — Хоруғ. Давоми 3 моҳ чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Пайрав Чоршанбиев, «Азия-Плюс».

Бозсозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ (то марзи Рӯшон), ки мушкилтарин қитъаи роҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма маҳсуб мешавад, аз моҳи июли соли ҷорӣ идома дорад.

Дарозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ дар ҳоли ҳозир 109 километрро ташкил медиҳад, аммо сохтмони ду нақб дар назар аст, ки баъди бунёди он гуфта мешавад, ин роҳ то 90 километр кӯтоҳ мешавад.

Ба барқарорсозии ин қитъаи роҳ ширкати чинии China Road and Bridge Corporation (CRBC) машғул аст.

Давлати Чин барои бозсозии ин қисмати роҳ 230 миллион доллар грант ихтисос медиҳад.

Барқарорсозии ин роҳ сохтмони роҳи духаттии категорияи сеюми техникӣ, ду нақб (бо дарозии 5,2 километр), галерея бо дарозии умумии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва иншооти дигарро дар бар мегирад.

Интизор меравад, ки барқарорсозии ин қисмати роҳ то охири соли 2024 анҷом дода шавад.

Мо барои шинос шудан бо натиҷаи кори семоҳа аз ин қитаи роҳ боздид намудем ва аксҳои зерин ҳолату кунунии роҳро бозгӯ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...